Дар Узбекистон Фестивали сарояндаҳои ҷавони «Шашмақом» баргузор мегардад

Ноябрь 20, 2021 09:38

ДУШАНБЕ, 20.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Девони Вазирони Ҷумҳурии Узбекистон тарҳеро қабул намуд, ки ки шурӯъ аз соли 2022 Фестивали сарояндаҳои ҷавони «Шашмақом» дар Бухоро дар ду сол як маротиба баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» 18 ноябр аз Агентии миллии иттилоотии Узбекистон «УзА» иттилоъ доданд.

Феҳристи корҳое, ки дар ҷашнвора иҷро мешаванд, аз ҷониби созмондиҳандагон тасдиқ ва се моҳ пеш аз ҷашнвора дар ВАО нашр карда мешаванд. Дар ҷашнвора яккахонӣ ва гурӯҳҳои эҷодӣ ширкат хоҳанд кард, ки синни ширкаткунандагон то 30-сола аст. Баҳодиҳии баромади иштирокчиён ва мукофотонидани ғолибон дар вазъияти тантанавӣ сурат мегирад. Ташкилкунандагон инчунин ҳуқуқ доранд, ки истеҳсолкунандагон ва менеҷерони пешқадами ҷаҳонро ба чорабинӣ даъват намоянд.

Таърихи пайдоиши «Шашмақом» ба замони Борбади бузург (асри VII мелодӣ) рост меояд. Дар маданияти мусиқии Тоҷикистон «Шашмақом» таҷассуми равшани анъанаҳои чандинасраи мусиқии классикии миллӣ мебошад, ки то мо расидаанд. Ин ба шарофати заҳмати устодони маъруфи мактабҳои Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд, аз қабили Домулло Ҳалим, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхон Ҳофиз ва дигарон ва сипас шогирдону пайравони онҳо — Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев идома ёфт.

Писари Садриддин Айнӣ — Камол чунин нақл кардааст: Садриддин Айнӣ мухлиси «Шашмақом» буд. Боре дар Тошканд дар сари як суфра бо мансабдорони баландпоя нишаст ва суҳбатеро шунид, ки ҳунармандони «Шашмақом», ки то ҳол дар Самарқанду Бухоро кору зиндагӣ мекунанд, боздошт ва ба зиндон фиристода мешаванд. Сипас ба хешовандонаш, ки дар мақоми ҳукумати Узбекистони шӯравӣ кор мекарданд, бо хоҳиши ба Душанбе фиристодани се шашмақомхон  – Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов муроҷиат кард. Он вақт дар пойтахти Тоҷикистон ансамбли шашмақом набуд- дар Ҳисор буд, дар Хуҷанд ҳам, дар Душанбе, ки хеле ҷавон буд, набуд. Айнӣ рад накард, навозандагонро аз Узбекистон бурданд. Дар ин ҷо шашмақомчиёнро академик Бобоҷон Ғафуров дастгирӣ кард ва ин сегонаи бузург барои рушди «Шашмақом» дар пойтахти нави Тоҷикистон замина гузошт.

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат 12 майи соли 2000 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи телевизион ва радиои тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди забардасти шашмақом Фазлиддин Шаҳобов дода шуд. Аз соли 2002  сар карда, дар саросари мамлакат 12 май Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад.

Шашмақомро шоҳкории фарҳанги мусиқии ҷаҳонӣ низ мегӯянд. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон ин шоҳкории ниёгон ба феҳристи Юнеско пешниҳод гардид, ки  7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгори маънавии инсоният эълон намуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 20, 2021 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид