Душанбе соли 2022 мизбони ҷаласаи Шӯрои идоракунандагони Фонди иқлими сабз мегардад

Ноябрь 5, 2021 09:47

ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки соли 2022 дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи Шӯрои идоракунандагони  Фонди иқлими сабз доир шуда, ҳамзамон Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди иқлими сабз ба имзо расад.

Ин ва дигар масъалаҳои таҳкими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди иқлими сабз дар мулоқоти Раиси Кумитаи  ҳифзи муҳити назди Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва директори минтақавии Фонди иқлими сабз Па Оусман Чарчу дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир дар ҳошияи Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардиданд.

Ба АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ доданд, ки  мусоҳибон инчунин масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои бо маблағгузории Фонди иқлими сабз дар Тоҷикистон амалишаванда, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ бо ҷалби маблағҳои Фонди иқлими сабзро баррасӣ намуданд.

Баҳодур Шерализода  ва Па Оусман Чарчу ҳамзамон дар масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар самти ҷалби маблағҳои грантии Фонди иқлими сабз дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар, ки дар стратегияҳои миллӣ дарҷ гардидаанд, ба мувофиқа расиданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Ноябрь 5, 2021 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд