ЭҲТИЁТ-НИМИ ҲАЁТ! Ҳушдори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД-и Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 25.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор, ки дар фасли сармо эҳтимоли сар задани онҳо меафзояд, имрӯзҳо гурӯҳи кории Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату кумитаҳо, муассисаву ташкилоти мухталиф ва маҳаллаҳои аҳолинишину манзилҳои истиқоматии ҳудуди пойтахт ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои профилактикӣ-оташнишонӣ ва фаҳмондадиҳӣ – омӯзиширо ба роҳ мондааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии мамлакат.
«Аз ҷумла, чунин чорабиниҳои мақсадноки зиддисӯхторӣ бо роҳбарии сармутахассиси шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Сарраёсати мазкур Хуршед Шарифзода дар муассисаҳои давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мансуб ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он 243 нафар хонандагони имкониятҳояшон маҳдуд (маъюбон) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршуда»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар тавозуни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дорои 216 нафар хонандагон мебошад, инчунин дар «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо»-и ноҳияи Варзоб мансуб ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он айни замон 30 нафар кӯдакони маъюб ба табобат фаро гирифта шудааст, ташкил ва гузаронида шуданд», -афзуд манбаъ.
Зимни баргузории чорабиниҳои зиддисӯхторӣ аз тарафи кормандони соҳа ба ҳолати коршоямии лавозимоти аввалиндараҷаи оташнишонӣ, низоми автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда, ҳавзу гидрантҳо ва ҷумакҳои дохилии оташнишонӣ, сипару хатҳои интиқоли қувваи барқ, манбаҳои гармидиҳӣ ва истифодаи оқилонаи асбобу таҷҳизотҳои барқиву газӣ, озод нигоҳ дошташудани роҳҳои ҳаракати нақлиёти оташнишонӣ ва таҳлиявӣ, риояи меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ дар хобгоҳҳо ва биноҳои таълимию маъмурӣ, инчунин ба сатҳи дониши мутасаддиёну кормандони муассисаҳо вобаста ба амали онҳо дар вақти рух додани ҳодисаи сӯхтору дигар ҳолатҳои фавқулодда диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд.
Ҳамчунин бо масъулону мураббияҳо ва дигар кормандони масъули муассисаҳо оид ба истифодабарии лавозимоти аввалиндараҷаи оташнишонӣ, тартиби дурусти даъвати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ташкили таҳлияи муташаккилонаи одамон аз бинои оташгирифта ва дигар мавзӯъҳои барои пешгирию рафъи ҳодисаҳои сӯхтор зарур машғулиятҳои назариявию амалӣ баргузор карда шуданд.
Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо, қабл аз ҳама пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва маҳдуд сохтани оқибати он, муайян намудани сатҳи омодагии дружинаҳои идоравии оташнишонӣ ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии сӯхтору дигар ҳодисаҳои нохуш, инчунин расонидани ёрии амалии кормандони соҳа ба масъулону мутасаддиён дар бартарафсозии камбудию норасоиҳои ҷойдошта мебошад.
Дар интиҳои чорабиниҳои мақсаднок аз ҷониби сарварони муассисаву корхонаҳо ва раисони Шӯрои маҳаллаҳову шаҳрвандон ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ барои ташкил ва гузаронидани чунин корҳои омӯзишӣ-фаҳмондадиҳии муҳиму саривақтии зиддисӯхтор изҳори сипос карда шуд.
АКСҲО: ВКД ҶТ








Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст






