Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи байналмилалӣ шахсияти сулҳофару сулҳпарвар ва сарҷамъкунандаи миллат эътироф намудаанд

Ноябрь 16, 2021 14:02

ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахсияти сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду ободии Ватан, фароҳамоварандни шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ эътироф намудаанд, зикр намуд раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода имрӯз зимни ҳамоиш дар мавзӯи «Нақши Президент дар эҳёи давлатдории навини миллии тоҷикон» бахшида ба Рӯзи Президент, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Суди Олии иқтисодӣ ба АМИТ «Ховар».

Дар оғози ҳамоиш раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода доир ба аҳамияти таърихии ин рӯз гуфт, ки «дар чунин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими идораи давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихоб ба иҷрои вазифа аз ҳамин рӯз шурӯъ намудааст. Мансаби президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст».

Раиси Суди Олии иқтисодӣ афзуд, ки ин рӯзи таърихӣ таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад. Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини мамлакат, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин пайомадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ доранд, дар қонунгузории давлатдориамон 16 ноябр Рӯзи Президент пазируфта шуд.

Ҳамчунин дар идомаи ҳамоиш  судяи Суди Олии иқтисодӣ Бахтиёр Наимзода дар мавзӯи «Нақши Президент дар таҳкими ҳокимияти судӣ», судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Одил Нурализода дар мавзӯи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон» ва котиби маҷлиси судии Суди Олии иқтисодӣ Нодира Зокирова дар мавзӯи «Доираи салоҳиятҳои Президент тибқи Конститутсия ва дигар қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза  намуданд.

 АКС: Суди Олии иқтисодии ҶТ

Ноябрь 16, 2021 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад