Форуми 2-юми муколама оид ба ҳамкории байналмилалии академияҳои идоракунии Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Аврупои Шарқӣ доир шуд

Ноябрь 18, 2021 15:32

ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар доираи ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ)  Форуми 2-юми муколама оид ба ҳамкории байналмилалии академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Аврупои Шарқӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайнӣ) баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ  «Ховар» аз Академияи мазкур.

Дар ҷамъомад ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳрӣ Олимшо, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов, ректорони академияҳои идоракунии давлатии ҷумҳуриҳои, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Гурҷистон, Украина, намояндагони Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ), Сафорати Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Академияи хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Туркманистон иштирок намуданд.

Дар ҷараёни форум дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маркази рушди ҳуқуқи маъмурӣ» бо таҷҳизоти муосир ифтитоҳ гардид. Маркази рушди ҳуқуқи маъмурӣ дар доираи ҳамкории судманд бо шарикони хориҷии Академия бунёд гардида, мақсад аз ташкили он ба роҳ мондани ҳамкорӣ  дар самти ҳалли масоили марбут ба расмиёти маъмурӣ-ҳуқуқӣ, мурофиаи маъмурӣ-ҳуқуқӣ, асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода зимни ифтитоҳи Форум иброз дошт, ки татбиқи ислоҳот ва рушди низоми хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар марҳилаи кунунии рушди давлатдорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба тайёр кардани мухтахассисони баландихтисоси дорои қобилияти баланди баррасии масъалаҳои мураккаб дар муносибатҳои иҷтимоӣ талабот беш аз пеш меафзояд.

Форуми мазкур ду рӯз идома ёфта, дар 4 давра сурат мегирад. Дар давраҳои форум, аз ҷумла академияҳои маъмурии давлатҳои Осиёи Марказӣ, Гурҷистон ва Украина муаррифӣ гардида, мавзӯъҳои «Ҳуқуқи маъмурӣ-мурофиавӣ», «Этикаи хизмати давлатӣ», «Худидоракунии маҳаллӣ», «Идоракунии стратегии академияҳои маъмурӣ» аз ҷониби маърузачиён ва иштирокдорон мавриди муҳокимаи васеъ қарор дода мешаванд.

Дар маҷмӯъ, дар доираи Форум масъалаҳои мубрами баланд бардоштани сифати таълиму таҳқиқ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар ин самт заминаҳои устувор гузошта мешаванд.

Дар фарҷоми форум миёни академияҳои идоракунии давлатӣ созишномаҳои нав ба имзо мерасанд.

АКСҲО: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Ноябрь 18, 2021 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд