ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои ҷавобии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 оғоз мешаванд

Ноябрь 26, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27-28 ноябр дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои ҷавобии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футбол миёни дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Эсхата»-и шаҳри  Хуҷанд ва «Равшан»-и  шаҳри Кӯлоб бо  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  баргузор мегарданд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.    

Чанд рӯз пеш,  бозиҳои аввали даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футбол хеле ҷолиб  баргузор шуда буданд. Дар ин давр дастаи футболи «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе бар  дастаи футболи  «Эсхата»-и шаҳри  Хуҷанд бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард.

Қобили зикр аст, ки бозии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дар сатҳи баланд доир гашт. Футболбозони дастаи «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе ҳамаи голҳоро дар нимаи аввали бозӣ ба нишон расониданд. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 8-ум, Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 25, Манучеҳр Сафаров дар дақиқаи 28, Рёта Нома дар дақиқаи 38 дарвозабони дастаи  «Эсхата»-и шаҳри  Хуҷандро маҷбур карданд, ки тӯбро аз дохили дарвоза берун орад.

Дар ҳайати дастаи  «Эсхата»-и  шаҳри  Хуҷанд  Ҷаҳонгир Эргашев ду тӯб, Аҳрорҷон Иноятов як тӯб ба ҳадаф расонданд.

Дар бозии дигари нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ ба дарвозаи дастаи  «Равшан»-и  шаҳри Кӯлоб 4 голи беҷавоб зад. Дилшод Бозоров ду гол, Нозим Бобоҷонов ва Комрон Турсунов якголӣ ба нишон расониданд.

                                               АКС: ФФТ

Ноябрь 26, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) рӯзи сеюми тамринҳоро дар Давҳа ба анҷом расонид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
ФУТБОЛ. Бозиҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд
ФУТБОЛ. «Истиқлол» дар бозии дӯстона дастаи «Регар-ТадАЗ»-ро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Чаҳор довар аз Тоҷикистон дар қисми финалии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) ҳакамӣ менамоянд