Гулчеҳра Қоҳирова: Астероиди 4660 Nereus барои Замин ягон хатар надорад

Ноябрь 11, 2021 08:48

ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 11 декабр астероиди 4660 Nereus ба Замин наздик мешавад ва аз сайёра дар масофаи тақрибан 3,9 миллион километр парвоз мекунад. Доир ба ин мавзӯъ директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Гулчеҳра Қоҳирова ба мухбири АМИТ «Ховар» андешаҳояшро иброз намуд.

Ба иттилои мавсуф, астероиди (4660) Nereus 28  феврали соли 1982 дар расадхонаи Паломари иёлати Калифорнияи Иёлоти Муттаҳидаи Америко кашф шудааст. Астероид ба гурӯҳи бузурги Апаллон дохил гардида, ба астероидҳои наздизаминӣ мансуб аст. Аз тарафи олимони соҳа астероид эҳтимолан хатарнок тасниф карда шуда, андозаи он ба 330 метр  баробар аст ва тахминан ҳар ду сол дар атрофи Офтоб як бор гардиш мекунад.

Астероид соли 2021 наздикшавӣ ба Заминро оғоз карда, 11  декабр, соати 01:13 ба вақти маҳаллӣ дар масофаи қариб 4 миллион километр ба сайёраи мо ҳарчӣ бештар наздик хоҳад шуд. Ин масофа аз масофаи байни сайёраи Замин ва Моҳ 7 баробар зиёд аст. Бино ба маълумоти Маркази тадқиқоти NASA, аз соли 1900 то 2011 астероид ба Замин 16 маротиба наздик шудааст ва наздикшавии навбатии он моҳи марти соли 2032 дар  назар мебошад. Бо вуҷуди ин, моҳи декабри соли 2112 бозгашти наздиктарини ӯ ба Замин рух медиҳад. Гарчанде ки астероид эҳтимол хатарнок ва андозаи он хеле калон аст, аммо масофаи нисбатан калони наздикшавии он ба Замин моҳи декабри соли 2021 эҳтимоли бархӯрди астероидро бо Замин ночиз мекунад. Ба ибораи дигар, астероид барои Замин умуман хатари воқеӣ надорад.

Баҳри таҳлили дақиқи астероиди 4660 Nereus Институти астрофизикаи АМИТ тасмим гирифтааст, ки ҳангоми наздикшавӣ астероидро пурра мушоҳида намуда, хусусиятҳои физикию динамикии онро омӯзад.

 

Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 11, 2021 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид