Ҳимоятгарони дастаи миллии футболи Тоҷикистон фаъолияташонро дар дастаи «Персеполис»-и Эрон идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳимоятгарони дастаҳои миллию олимпии Тоҷикистон ва «Истиқлол»-и Душанбе – Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров дар ҳайати дастаи чемпиони феълии Лигаи Про-Лигаи Эрон – бошгоҳи «Персеполис» фаъолияти худро идома медиҳанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин замина дастаи «Истиқлол»-и Душанбе низ рафтани ду бозингари ҳайати асосиашро ба бошгоҳи шаҳри Теҳрон тасдиқ кард.
«Персеполис» бо Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров- ду бозингари дастаи «Истиқлол» ва дастаи миллии Тоҷикистон шартнома мебандад ва ин бозингарон барои имзои қарордод вориди Теҳрон хоҳанд шуд.
АКС:ФФТ








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






