«Конститутсия — сарчашмаи таъмини адолат». Таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид

Ноябрь 5, 2021 14:03

ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат. Чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва мебарад сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол. Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 27 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи тоза мебахшад. Ин нукта имрӯз зимни баргузории ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Конститутсия- сарчашмаи таъмини адолат»  бо иштироки роҳбарият ва кормандони Муассисаи нашриявии «Ирфон» баён шуд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» корманди муассисаи мазкур  Дилрабо Ибодова.

Директори муассиса Қурбон Ғуломзода иброз намуд, ки дар тӯли 27 соли амали Конститутсия Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф шуда, соҳиби рамзҳои давлатӣ гардид. Конститутсия- ин рамзи озодӣ ва мустақилияти давлатамон аст, инчунин дар Қонуни асосии давлат ҳуқуқи ҳар кас ба меҳнат, музди кор, истироҳат, таҳсил, истифодаи арзишҳои фарҳангӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ зикр гардидааст.

Дар ҷараёни ҳамоиш аз ҷониби иштирокдорон маърӯзаҳо ироа гардида, зикр шуд, ки Конститутсия ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ дар он ифода меёбад, ки дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ мебошад. Меъёрҳои Конститутсия мустақиман амал карда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳанд ва дигар унсурҳои давлатро ба танзим медароранд.

 

АКС аз Муассисаи нашриявии «Ирфон»

Ноябрь 5, 2021 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад