Конститутсияи Тоҷикистон барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ асоси боэътимод гузошт

Ноябрь 5, 2021 15:02

ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз донишкада ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ сухан карда, иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд. Бо қабули Конститутсия майлу иродаи халқи Тоҷикистон оид ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар бобати интихоби сарнавишти минбаъдаи кишвар имтиҳони ҷиддие буд, муайян гардид.
Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии он, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт ва муҳимтар аз ҳама, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ўро арзиши олӣ эътироф намуда, барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ роҳи васеъ кушод.
Ба гуфтаи ректори донишкада, ин санади муқаддас сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт. Он заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, тарзи идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муколама иваз намуд, дар баробари ин, барои густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Муҳриддин Низомӣ таъкид кард, ки ин санади олии ҳуқуқӣ бояд мавриди омӯзиши дақиқи тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла устодону донишҷўёни донишкада қарор гирад, то тавонем насли ҷавонро дар рӯҳияи эҳтиром ба он тарбия намуда, волоияти қонунро таъмин созем. Зеро, ба гуфтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунад, танҳо ҳамон давлате нуфуз пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузоранд».
Дар доираи таҷлили Рўзи Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон маърўзаи илмӣ бо унвони «Пайдоиш» ва марҳилаҳои ташаккули Конститутсия дар Тоҷикистон ироа гардида, филми мустанади «Конститутсия-бахтномаи миллат» манзури иштирокдорони чорабинӣ гардонда шуд. Ҳамзамон, устодону донишҷўён шеърҳои «Давлати ман-Тоҷикистон», «Санои меҳр», «Ватан», «Ормон», «Тоҷикистон, эй Ватан» ва рақсҳои ҷолибро манзури аҳли нишаст гардонданд.
АКС аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 5, 2021 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид