Конститутсияи Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз беҳтаринҳо эътироф гардидааст
ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вижагиҳои худ аз лиҳози башардӯстӣ ва фалсафаи бузурги ҳуқуқӣ яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон эътироф гардида, ифодакунандаи манфиатҳои миллат ва баёнгари иродаи мустаҳкаму побарҷои тамаддунофарии миллати тоҷик мебошад. Чунки дар он, пеш аз ҳама, ормону иродаи халқи шарафманди тоҷик дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона инъикос ёфтааст. Ин нукта имрӯз зимни суханронии Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия тазаккур дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Воқеияти бебаҳс аст, ки сарнавишти муосири халқи тоҷик, ибтидои давлатсозиву давлатдории навин, пешрафту рушди Тоҷикистони маҳбуб ва болоравии мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ аз Истиқлолияту соҳибихтиёрии Ватани азизамон ва қабули ин санади тақдирсози миллат сарчашма мегирад.
«Зеро Конститутсияи мо худ маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад ва ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намудааст», — зикр намуд директори Агентӣ.
Аз ҷониби дигар, ба гуфтаи мавсуф, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вижагиҳои худ аз лиҳози башардӯстӣ ва фалсафаи бузурги ҳуқуқӣ яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон эътироф гардида, ифодакунандаи манфиатҳои миллат ва баёнгари иродаи мустаҳкаму побарҷои тамаддунофарии миллати тоҷик мебошад, чунки дар он ормону иродаи халқи шарафманди тоҷик дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона инъикос ёфтааст.
«Зимнан, ин бартарияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало эҳсос намуда, андешаи худро дар ин маврид чунин баён намудаанд: «Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд», — ёдовар шуд С. Султонзода.
Мавсуф тазаккур дод, ки ҳақиқати таърих аст, ки маҳз бо шарофати иродаи ваҳдатофаринӣ ва меҳанпарастии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо қудрати матин ва ақлу заковати мардуми фарҳангсолори тоҷик ин санади тақдирсози миллат қабул гардида, он барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши ҳалкунанда бозидааст.
Дар идомаи ҳамоиш кормандони Агентӣ маърӯзаҳо намуда, андешаҳои худро бобати бузургӣ ва аҳамияти муҳими таърихӣ доштани ин санади олии ҳуқуқӣ иброз доштанд.
АКСҲО: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия








Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд






