«Маҳмуднома». Таҳти чунин унвон доир ба фаъолияти Ҳомид Маҳмудов китоб ба нашр расидааст
ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳти унвони «Маҳмуднома» аз ҷониби нашриёти «Истиқлол» китоби нав ба нашр расид, ки муаллифи он Баҳодур Маҳмудов мебошад.
Китоби «Маҳмуднома» доир ба фаъолияти ҳунарпеша ва коргардони тоҷику узбек, асосгузори ислоҳотгари театри тоҷик Ҳомид Маҳмудов нақл мекунад.
Китоби мазкур равияи тозае дар таҳқиқи таърихи театри замони пасошӯравӣ буда, барои донишомӯзон, санъатшиносон, фарҳангшиносон, мусиқишиносон, театршиносон ва дӯстдорони ҳунари зебои мамлакат тақдим мегардад.
Муаллиф дар китоб доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии бунёдгузори театри касбии тоҷик Ҳомид Маҳмудов арзишҳои нави маънавию башардӯстиро сабт намуда, солномаи робитаҳои театрҳои Русия, Тоҷикистон ва Узбекистонро ба қалам додааст. Мавсуф нигоштааст, ки ширкати Ҳомид Маҳмудов дар раванди ташкили театри миллӣ на танҳо равияву ҷанбаҳои ҳар театрро муайян кард, балки ба инкишофи фаъолияти театрҳои маҳаллӣ, рушди касбии ҳунари драмаву мусиқӣ, мазҳака, опера ва балет низ мусоидат намуд.
Ҳамчунин хонанда имкон дорад, ки аз китоби мазкур доир ба масъалаҳои таърихии марбут ба пойтахти давлати Сомониён — Бухоро, тарзи ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ дар асрҳои XIX-XX маълумот пайдо намояд.
Китоби мазкур аз панҷ боб иборат буда, ҳар кадоме пурра ба ҳаёти Ҳомид Маҳмудов бахшида шудааст. Китоб бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ нашр гардидааст.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»









Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд






