Марям Давлатова, равоншинос: Зӯроварӣ дар оила хатар барои ҷомеа мебошад

Ноябрь 28, 2021 09:23

ДУШАНБЕ, 28.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зӯроварӣ нисбат ба занон дар ҷаҳон яке аз шаклҳои маъмултарини  табъизи ҳуқуқи инсон ба шумор рафта, ин шакли зӯроварӣ аз тасаввуроти нодуруст дар бораи нақш ва мавқеи нобаробари занон дар ҷомеа реша мегирад. Зӯроварӣ дар оила ҳуқуқҳои бунёдии инсонро поймол намуда, яке аз ҷиноятҳои вазнинтарини зидди шахсият маҳсуб мешавад. Тибқи омори расмӣ, 24% занҳои аз 19 то 49-сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намудаанд, ки гирифтори зӯроварии ҷисмонӣ гардида, 97%-и занҳои оиладор гуфтаанд, ки зӯроварон асосан шавҳарони имрӯза ё собиқи онҳо мебошанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 25 ноябр маъракаи ҷаҳонии «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» оғоз ёфт, ки то 10 декабр идома меёбад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз ҷалб намудани  таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба ин масъалаи муҳим ва ҳамчунин нишон додани нақши назарраси занон дар ҳаёти имрӯза мебошад. Дар робита ба ин маъракаи ҷаҳонӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН  бо равоншиноси маъруф   Марям ДАВЛАТОВА суҳбат намуд

АМИТ «Ховар»: «Наметавон бо роҳи хушунат чизеро ба даст овард ва наҷот дод», гуфтааст ҳунарманд ва коргардони итолиёӣ Адриано Челентано. Ба андешаи Шумо хушунат чӣ гуна раванд аст?

М.Давлатова: Хушунат дар оила аз падидаҳоест, ки сол то сол бештар доман паҳн мекунад ва ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ онро чун масъалаи доғи рӯз эътироф намудааст. Аслан, хушунат яке аз мушкилоти раванди рушди одамизод аст ва ҳамеша вуҷуд доштааст. Ин амал метавонад дар кӯча, дар ҷомеа, дар муносибати шахсони алоҳида, гурӯҳҳо, кишварҳо ҷой дошта бошад ва шахсе, гурӯҳе, кишваре кӯшиш намояд, то масъалаҳои ҳалталабро яктарафа, бо роҳи зӯрӣ ҳал бикунад ва иродаи худро бо ин роҳ ба дигарон таҳмил созад. Махсусияти ин намуди зӯроварӣ дар он аст, ки дар чунин мавридҳо зӯроварӣ равшан зоҳир ва эътироф мегардад, ҷомеа онро маҳкум менамояд, тарафи зарардида мавриди дастгирии равониву қонунии ҷомеа қарор мегирад. Агар ба таърихи фарҳанги инсонӣ назар андозем ва қатли Ҳобил аз тарафи Қобил — фарзандони Одаму Ҳавворо ба хотир биёварем, метавон гуфт, ки нахустин зӯроварӣ ҳам дар оила сар задааст ва шояд агар масъалаи хушунати хонаводагӣ роҳи ҳалли худро пайдо намояд, зӯроварии берун аз оила низ тадриҷан аз байн биравад, зеро зӯроварӣ дар оила дар сиришти инсон тарзи ҳалли масъала ва бунёди муносибатро тарбия менамояд ва устувор мегардонад. Инсоне, ки бо чунин бағоч аз оила ба ҷомеа ворид мешавад, онро минбаъд он ҷо истифода менамояд ва дар натиҷа зӯроварӣ дар ҷомеа низ паҳн мегардад.

АМИТ «Ховар»: Хушунати хонаводагиро метавон заминаи ҳама гуна зӯроварии дигар номид, зеро он низ дорои хусусиятҳои худ мебошад.  Ҳамин тавр не?  

М.Давлатова: Бале. Ва махсусияти нахуст дар мавриди хушунати хонаводагӣ- мушкилоти шинохт ва эътирофи он ҳамчун амали манфӣ мебошад. Дар мавриди сурат гирифтани ҳодисаи зӯроварӣ дар ҷомеа озордиҳанда ва қурбонӣ маъмулан мушаххасанд, ҳам худи иштирокчиёни зиддият ва ҳам шоҳидону атрофиён инро саҳеҳан медонанд. Оила дар чунин маврид ҳамчун муттако ва ҳомӣ баромад мекунад, вале дар мавриди хушунати хонаводагӣ, азбаски дар нақши хушунатгар азизтарин инсон ва узви оила, дар аксар ҳолатҳо ҳомиву муттако: модар, падар, бародар, шавҳар ва амсоли инҳо баромад мекунанд, мафҳумҳо ба ҳам омехта мешаванд.

Вижагии дигари хушунати хонаводагӣ ин аст, ки он маъмулан паси дарҳои баста ва аз ҷониби одаме сурат мегирад, ки ҳамеша бо қурбонӣ ҳамроҳ асту қурбонӣ аз ӯ вобаста мебошад. Аз нигоҳи равонӣ, аксар вақт ҳам қурбонӣ ва ҳам хушунатгар дар диди худ ин амалро ҳақ мешуморанд. Ҳатто дар ҳолатҳои бисёр шиддат ёфтани хушунати хонаводагӣ махсусияти зикршуда боиси он мегарданд, ки дар ошкор кардани хушунати хонаводагӣ душвориҳои зиёд пеш меоянд, зеро қурбониёни зӯроварӣ, хосса занону духтарон, ки дар ҳолатҳои дигар аксаран барои кумак муроҷиат менамоянд, ё ба мақомоти дахлдор арз мекунанд, дар мавриди хушунати хонаводагӣ ин амалро пинҳон медоранд. Занон барои чунин рафтор сабабҳои зиёде доранд ва он ҳар ҳолат нозукиҳои худро дорад. Ва ниҳоят дар хушунати хонаводагӣ тамоми намудҳои хушунат дар шакли омехта вомехӯранд.


АМИТ «Ховар»:   Барои равшантар намудани масъала тафсири таснифоти намудҳои хушунат ва пеш аз ҳама, тафсири ҷомеашиносии худи мафҳуми хушунат мувофиқи мақсад мебошад. Шумо чӣ назар доред?

М.Давлатова: Хушунат — ҳама гуна амали бошууронаи як шахс нисбат ба шахси дигар мебошад, ки тавассути он ҳуқуқ ва озодии қонунии инсон поймол гардида, ба он шахс озори ҷисмониву равонӣ расонида мешавад.  Мутахассисон хушунатро ба шаклҳои зерин тақсим кардаанд:

Ҷисмонӣ. Зери мафҳуми хушунати ҷисмонӣ таъсири зарарноки ҷисмонӣ расонидан ба одам дар шакли зарбу лат, тела кардан, харошидан, ба тарафи одам ягон чизро ҳаво додан ва амсоли ин дар назар дошта мешавад. Ҷазои ҷисмонӣ дар оила яке аз намудҳои зӯроварии ҷисмонист.

Шаҳвонӣ. Хушунати шаҳвонӣ таваҷҷуҳи дилнохоҳест, ки дастнорасии инсониро халалдор мекунад. Ба хушунати шаҳвонӣ таҷовуз ба номус, хоҳиши баровардани ҳоҷати шаҳвонӣ, кинояҳои бадхоҳона ё таҳқиромез, имову ишора ва монанди ин дохил мешаванд. Дар оила сарфи назар кардан аз талаботи шаҳвонии ҳамсар ба хотири таъсиррасонӣ низ аз шумури хушунати шаҳвонист.

Равонӣ. Ин намуди зӯроварӣ дар шакли таҳқир, паст задан, нописандӣ, таҳдид, манъ кардан, назорат, маҳдуд кардани доираи муошират, истинтоқ, эрод гирифтан, айб мондан ва ғайра зоҳир мешавад.

Иқтисодӣ. Зӯроварии иқтисодӣ аз таъмин накардан бо лавозимоти асосии зиндагӣ, надодани имкони ба даст овардани даромад, назорати қатъии масрафи захираҳои рӯзгор, кашида гирифтани даромади шахси дигар, барқасд ба ҷойи дигар хароҷот кардани даромади оила ва монанди ин иборат аст.

Хушунат дар оила маъмултарин шакли хушунат мебошад, ки аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигараш сар мезанад ва хатари калони ҷамъиятӣ дорад. Махсусияти зӯроварӣ дар оила кӯшиши назорату идора кардани як узви оила аз ҷониби аъзои дигар сарфи назар аз хоҳишу талаботи ӯст. Хушунат дар оила на танҳо барои саломатӣ ва ҷони одамон хатарнок аст, балки нақшу қолабҳои зарарноки гендериро, ки минбаъд дар ҷомеа татбиқ хоҳанд шуд, ташаккул медиҳад. Хушунати хонаводагӣ- ин силсилаи такроршаванда ва тадриҷан афзояндаи таҳқир ба воситаи расонидани озорҳои ҷисмонӣ, маънавӣ, иқтисодӣ ва паст задани шаъну эътибор бо мақсади назорат, тарсондан ва талқини ҳисси доимии тарс мебошад. Ин вазъиятест, ки як одам рафтору ҳиссиёти шахси дигарро назорат мекунад ё кӯшиш дорад, ки онро таҳти назорат бигирад. Хушунати хонаводагӣ бештар аз ҳама дар байни онҳое сар мезанад, ки байни ҳам муносибатҳои никоҳӣ доранд, яъне зану шавҳаранд. Вале дар раванди ин амал табиист, ки дигар аъзои оила ҳам зарар мебинанд.

АМИТ «Ховар»: Маъмулан занон бештар дар нақши ҷабрдида қарор мегиранд, чаро?

М. Давлатова: Ҳарчанд дар хушунати хонаводагӣ ҳамаи аъзои оила дар дараҷаи гуногун осеб мебинанд, вале тадқиқот нишон медиҳанд, ки маъмулан занон бештар дар нақши ҷабрдида қарор доранд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар Федератсияи Русия ҳар 40 дақиқа як зан аз хушунати оилавӣ ба қатл мерасад ва сол то сол шумораи чунин қурбониҳо меафзояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала маълумоти омории мушаххас нест. Вобаста ба махсусияти миллӣ, ҳолатҳои ба дараҷаи худкушӣ оварда расонидани  занон мушоҳида шаванд ҳам, ошкор ва исботи он маъмулан мушкилоти худро дорад. Оқибатҳои дигари ноаёни хушунати хонаводагӣ, ки занон дар натиҷаи он маъюб ва ба бемориҳои музмин гирифтор мешаванд, бо сабабҳои гуногун қариб ба қайд гирифта намешаванд.

Бо вуҷуди ин, ҳисоботи марказҳои офиятии ҷамъиятиву давлатӣ, бахшҳои кумитаҳои занон дар маҳалҳо аз он дарак медиҳанд, ки ҳар сол ҳазорҳо занон бо ин масъалаҳо муроҷиат менамоянд ва табиист, ки танҳо як қисми андаки занони ба ин мушкилот гирифторро ташкил менамояд. Ҳолатҳои солҳои сол ва ҳатто тамоми умр ба зӯроварӣ тоқат кардану ба ҷойе шикоят накардани занони тоҷик ҳодисаи муқаррарист. Аз ин сабаб аксаран зимни баррасии ин масъала маҳз категорияи хушунат нисбат ба занон бештар таъкид мегардад.

Дар адабиёти равоншиносӣ аз ин сабаб категорияи хушунат нисбат ба занон таърифи алоҳида дорад, ки онро ин ҷо овардан мувофиқи мақсад аст. Хушунат нисбат ба занон яке аз шаклҳои зӯроварӣ (чун рафторе, ки ба шахси дигар зарар мерасонад ё чунин ният дорад), истифодаи зӯрӣ аз рӯйи нишонаи ҷинсӣ — аз таҳқири забонӣ ва таҳдид то лату кӯби сахти ҷисмониро метавонад дар бар бигирад. Решаи ҳамаи ин падидаҳо аз ғояи моли мард будани зан об мехӯрад ва он мавқеи пешдастии мардонро бо зӯроварӣ ва тарсондан тақвият медиҳад.

Яке аз сабабҳои сар задан ва афзоиш ёфтани хушунати хонаводагӣ мавҷудияти ақидаҳои барғалати зиёд мебошанд, ки ба ҳолатҳои зеҳнӣ — стреотипҳо табдил ёфтаанд. Аз ҷумла, моҳияти қолабҳои зеҳнии мазкур дар мақолҳои мардумӣ ифода ёфтаанд. Ин гуна мақолҳо дар забони мардуми тоҷик низ мавҷуданд. Барои мисол мақолҳои «зана зан, агар намурад бо табар зан», «зана зан, худаша наёфтӣ ҷойи нишастагиашро зан», «дар ҷойи задагии мард дар тани зан фардои қиёмат гул мерӯяд», «мард баҳайбат, зан баҳурмат», «химчаро дар таракиш, арӯса дар арӯсиш» ва ғайраро ба хотир овардан мумкин аст. Ҳамаи ин нишондиҳандаи он аст, ки ҷомеа мавриди назорати қатъии мард қарор доштани зиндагии занро чун шарти бунёди муносибатҳои ин ду ҷинс қабул дорад. Аз ин рӯ, муносибати хушунатомез нисбат ба занон дар оилаҳо метавонад новобаста аз сатҳи маърифату таҳсилот, мавқеи иҷтимоӣ, вазъи иқтисодӣ ва дигар тафриқаҳо ҷой дошта бошад.

Оила худ муҳити хоссаеро дорост, ки дар он тамоми намуди муносибатҳои ҷомеа амал мекунанд. Ин ҷо ҳам муносибатҳои сарвариву тобеият (падару модар бо фарзандон, шавҳар ва зан), ҳам муносибатҳои баробарвазн (бародарону хоҳарон), ҳам муносибатҳои иқтисодиву равонӣ, иҷтимоӣ ва шаҳвонӣ хеле фаъолона амал мекунанд ва аз ин рӯ табиист, ки хушунати хонаводагӣ низ дар шаклҳои хеле печида ва мураккаб зуҳур менамояд. Ва азбаски қолабҳои гендерие, ки ҳукми мардро ба зан раво мешуморанд, аз қолабҳои сахтҷонтарини ҷомеа мебошанд, ҳолатҳое, ки ҳамаи шаклҳои муносибатҳои дохили оила, ки дар боло зикр шуданд, аз ҳамин нигоҳ матраҳ бигарданду аъзои оила аз маърифати гендерӣ огоҳӣ надошта бошанд, табиист муносибатҳо аз ҷониби он аъзои оила, ки ҳаққи назоратро бар худ гирифтаанд, дар шаклҳои таҳмилӣ ва хушунатбор сурат мегиранд.

АМИТ «Ховар»: Хушунати занон нисбат ба занон дар оилаҳои анъанавии мо чӣ гуна сурат мегирад?

М.Давлатова: Дар оилаҳои анъанавии мо ҳолатҳои хушунати занон бар занон низ дар пайванди арӯсу хушдоман бисёр ба назар мерасанд, вале дар асл ин ҳолат низ ин шакли таҳрифшудаи хушунати мардон ба занон мебошад, зеро шавҳар ҳаққи назоратро аз болои ҳамсараш ба модари худ месупорад. Аз ин рӯ, мисолҳои хушунати хушдоман нисбат ба домод ҳарчанд вомехӯранд, вале шакли истисноӣ доранд.

Сохтори оила тарзе бунёд гардидааст, ки дар он муносибатҳо таърихан таносуби муқарраршудаеро моликанд ва дар ин таносуб, аз як тараф, муносибатҳо метавонанд дар раванди самараноку муфиди ғамхориву парасторӣ ривоҷ ёбанд, вале ҳамзамон дар он поймол гардидани ҳуқуқҳои як гурӯҳ аъзои оила маъмулан, занону кӯдакон низ ҳамеша имконпазир аст. Аз тарафи дигар, оила тибқи фарҳанги анъанавӣ чун ҳудуди шахсиву маҳрамонаи рӯзгори инсонӣ ба шумор меравад ва ин ҳолат боиси он мегардад, ки ҳатто дар ҳолати назаррас будани нишонаҳои носолимии оила ва имкони хатари хушунати хонаводагӣ ба аъзои осебпазири он кумак намудан хеле мушкил аст.

Ҳарчанд бештар сухан дар бораи хушунат нисбат ба зан дар оила меравад, вале дар асл дар зӯроварии хонаводагӣ ҳамаи аъзои оила зарар мебинанд. Худи шоҳиди ҳодисаи хушунат шудан зарбаи равонӣ барои ҳар инсон аст, агар ба хотир биёварем, ки ҳамаи аъзои оила байни ҳам пайванди равониву иҷтимоӣ доранд, ин зарба бамаротиб вазнинтар мегардад. Ҳамчунин ногуфта намонад, ки солимии равонии инсон баъди ҳодисаи якдафъаинаи зӯроварӣ ба муолиҷа ва офияти равондармонӣ ниёз дорад, дар зӯроварии хонаводагӣ ин ҳолат дафъа ба дафъа такрор меёбад ва инсон метавонад комилан аз вазъи эътидоли равонӣ берун шавад.

АМИТ «Ховар»: Таъсири хушунати хонаводагӣ ба зеҳни насли оянда чӣ гуна аст?

М. Давлатова: Кӯдаконе, ки дар чунин оилаҳо тарбия мегиранд, табиатан ё ба зӯровар шудан ё ба қурбонии зӯроварӣ гаштан мойиланд, зеро дигар намуди мунсибатро намедонанд ва малакаҳои одии бунёд кардани муносибати солимро надоранд. Ин гуна одамон тамоми умр ба офияти равонӣ метавонанд муҳтоҷ бошанд ва ҳатто агар раванди офиятбахшӣ дар давраи наврасӣ ё кӯдакӣ оғоз ёбад ҳам, он хеле мушкил ва дарозмуддат аст.


Қариб дар ҳамаи ҳолатҳои дарундорӣ, танҳогардӣ, рӯҳафтодагии музмин, ба худ боварӣ надоштан, ба оворагӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ, худкушӣ ва амсоли ин мойил гардидани одамон решаҳои онро дар хушунати хонаводагӣ пайдо кардан мумкин аст. Фарзандони чунин оилаҳо дар оянда дар зиндагии худ агар оила бунёд намоянд, айнан ҳамин шакли муносибатро ҷорӣ менамоянд ва ҳамин тарз шакли носолими оиладорӣ аз насл ба насл интиқол меёбад.

 

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Ноябрь 28, 2021 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
САФАРАТОН БОБАРОР ВА БЕХАТАР БОД! Тавсияҳои IRS ба ронандагон вобаста ба фаро расидани мавсими сармо
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
АМИТ «Ховар» барои риояи бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» беҳтарин дониста шуд
Дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор» шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии шаҳри Бохтар шинос шуд
Дар Душанбе озмуни «Ҳунарманди сол» баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешавад
Дар Душанбе Форуми байналмилалии волонтёрӣ оғоз гардид
Дар Суғд барои баргузор намудани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят 70 ҳавза ташкил карда мешавад
«ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БА ПЕШ!». Аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд