Миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Ноябрь 12, 2021 11:34

ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 ноябр миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Созишнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳадафи созишнома — беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба сармоягузорон, баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, нассоҷӣ ва дастрасӣ ба бозор, беҳтар намудани низоми санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ, инчунин ҷорӣ намудани низоми электронии хизматрасониҳо барои соҳибкорон, хусусан махзани ягона оид ба санҷишҳо ва иҷозату иҷозатномаҳо мебошад.

Зимни татбиқи ин санад Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ бо мақомоти соҳавӣ, аз ҷумла Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноати нассоҷӣ ва дастрасӣ ба бозор, беҳтар намудани низоми санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ, инчунин ҷорӣ намудани низоми электронии хизматрасониҳо барои соҳибкорон мунтазам ҳамкорӣ менамояд.

 Аксҳо аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ

Ноябрь 12, 2021 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад