МУЖДАИ ЗАФАР. Кишоварзони ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд

Ноябрь 12, 2021 10:25

ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон  нақшаи чиниши пахтаро дар соли равон иҷро карда, ба хирмани мамлакат 25 ҳазору 544 тонна пахта ворид намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Соли равон кишоварзони ноҳия дар майдони 11 ҳазору 320 гектар пунбадона кишт намуданд. Тибқи дурнамои солона, истеҳсоли пахта дар ноҳияи Кӯшониён 25 ҳазору 540 тонна муқаррар гардида буд, ки кишоварзон ҳосили барзиёд ҷамъоварӣ намуданд.

Ба зикри масъулин, баланд гардидани ҳосили пахта аз тавсияи олимону мутахассисони соҳа, инчунин дастрасӣ ба тухмиҳои аъолосифат ва сари вақт гузаронидани коркарду корҳои агротехникӣ вобаста мебошад.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат,  аз аввали мавсим то 5 ноябр  дар ҷумҳурӣ зиёда аз 366 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки   нисбат ба соли гузашта 16 949 тонна зиёд мебошад.

АКС аз шуъбаи иттилоотию таҳлили дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Ноябрь 12, 2021 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
Султон Раҳимзода ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси солонаи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ интихоб гардид
Маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба 22 кишвари ҷаҳон содирот мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуд
НАМОИШГОҲИ ҶАҲОНИИ EXPO-2025. Ҳамарӯза Гӯшаи Тоҷикистонро 25 ҳазор нафар тамошо менамояд
Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 дар Осакаи Ҷопон баргузор шуд