НБО «Помир-1»-и ноҳияи Шуғнон ба давраи зимистон пурра омода мебошад
ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода зимни сафари корӣ дар Ҷамоати деҳоти Сучон аз фаъолияти истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Помир-1» ва ҷараёни омодагии он ба мавсими зимистон дидан намуда, бовар ҳосил намуд, ки неругоҳ барои гузаронидани давраи зимистон пурра омода аст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.
Зимни суҳбат масъулини неругоҳ иброз намуданд, ки ҷиҳати сари вақт тайёр намудани таҷҳизоти барқӣ таъмири ҷории агрегатҳо, трансформаторҳо, ташхиси тепловизионии ҳамаи таҷҳизоти барқӣ ва захираи миқдори зарурии турбинӣ иҷро шуда, бо боварӣ метавон гуфт, ки неругоҳ барои гузаронидани фасли зимистон пурра омода мебошад.
Раиси ноҳия ба шахсони мутасаддии шабакаҳои барқии ноҳия дастур дод, ки ҷиҳати ҳалли баъзе камбудиҳои ҷойдошта дар самти зимистонгузаронӣ сари вақт чораҳои зарурӣ амалӣ намоянд.
Роҳбарияти неругоҳ изҳори боварӣ намуд, ки кормандони Неругоҳи барқи обии «Помир-1» бо ҳисси масъулият ба ин масъала муносибат мекунанд ва мавсими зимистонро бе душворӣ паси сар хоҳанд кард.
АКС: МИҲД-и ноҳияи Шуғнон








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






