ОФТОБРО БО ДОМАН ПӮШИДА НАМЕШАВАД. Неруҳои Ҷабҳа гуфтанд, ки толибон дар Афғонистон бо ДИ* ва “Ал-Қоида”* робита доранд

Ноябрь 11, 2021 13:21

ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати радикалии «Толибон»*, ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардааст, бо гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ» (ДИ)* ва «Ал-Қоида* робитаи зич дорад. Дар ин бора дирӯз, 10 ноябр роҳбари бахши равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки мухолифи толибон аст, Алӣ Майсам Назарӣ дар суҳбат бо мухбири ТАСС изҳори назар намуд.

«Робитаҳои “Толибон”* бо терроризми байналхалқӣ ҷудонашаванда мемонанд. Толибон наметавонанд ин робитаҳоро қатъ кунанд, зеро онҳо ба террористон имкон медиҳанди қонуният пайдо кунанд. Ҳама интизориҳо дар бораи ҷудо шудани толибон аз гурӯҳҳои ифротӣ комилан беасосанд”,-гуфт ӯ.

«Ҳар рӯз толибон гурӯҳҳои террористиро дастгирӣ менамоянд ва онҳоро устувортар месозанд. Дар айни замон дар Афғонистон миёни «Толибон»*, «Ал-Қоида»* ва ДИ* ягон тафриқаи возеҳ нест», — илова намуд ҳамсуҳбати агентӣ.

Ба гуфтаи намояндаи Ҷабҳа, куштори чанде қабл рухдодаи ходимону сиёсатмадорони ҷамъиятии афғон, инчунин ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистон «зери ниқоби    ДИ* ба амал омаданд». «Террористони  «Толибон»*, ДИ* ё «Ал-Қоида»* метавонанд номҳо ва паноҳгоҳҳои гуногун дошта бошанд, вале аз нуқтаи назари идеологияи онҳо ин   як чиз аст», — иброз дошт Назарӣ.

Ба ғайр аз ин, намояндаи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон зикр намуд, ки толибон ҳамчунин бо ташкилоти террористии  «Ҳаракати исломии Узбекистон»* ва гурӯҳи экстремистии «Ҷамоати Ансоруллоҳ»* робитаҳои зич доранд.

«Робитаҳои зичи толибон бо террористони байналмилалӣ на танҳо ба давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, балки ба тамоми ҷаҳон таҳдид менамоянд», — хулоса намуд Назарӣ.

____________________________

*Ташкилоте, ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мамнӯъ аст   

 

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 11, 2021 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд