ОФТОБРО БО ДОМАН ПӮШИДА НАМЕШАВАД. Неруҳои Ҷабҳа гуфтанд, ки толибон дар Афғонистон бо ДИ* ва “Ал-Қоида”* робита доранд
ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати радикалии «Толибон»*, ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардааст, бо гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ» (ДИ)* ва «Ал-Қоида* робитаи зич дорад. Дар ин бора дирӯз, 10 ноябр роҳбари бахши равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки мухолифи толибон аст, Алӣ Майсам Назарӣ дар суҳбат бо мухбири ТАСС изҳори назар намуд.
«Робитаҳои “Толибон”* бо терроризми байналхалқӣ ҷудонашаванда мемонанд. Толибон наметавонанд ин робитаҳоро қатъ кунанд, зеро онҳо ба террористон имкон медиҳанди қонуният пайдо кунанд. Ҳама интизориҳо дар бораи ҷудо шудани толибон аз гурӯҳҳои ифротӣ комилан беасосанд”,-гуфт ӯ.
«Ҳар рӯз толибон гурӯҳҳои террористиро дастгирӣ менамоянд ва онҳоро устувортар месозанд. Дар айни замон дар Афғонистон миёни «Толибон»*, «Ал-Қоида»* ва ДИ* ягон тафриқаи возеҳ нест», — илова намуд ҳамсуҳбати агентӣ.
Ба гуфтаи намояндаи Ҷабҳа, куштори чанде қабл рухдодаи ходимону сиёсатмадорони ҷамъиятии афғон, инчунин ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистон «зери ниқоби ДИ* ба амал омаданд». «Террористони «Толибон»*, ДИ* ё «Ал-Қоида»* метавонанд номҳо ва паноҳгоҳҳои гуногун дошта бошанд, вале аз нуқтаи назари идеологияи онҳо ин як чиз аст», — иброз дошт Назарӣ.
Ба ғайр аз ин, намояндаи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон зикр намуд, ки толибон ҳамчунин бо ташкилоти террористии «Ҳаракати исломии Узбекистон»* ва гурӯҳи экстремистии «Ҷамоати Ансоруллоҳ»* робитаҳои зич доранд.
«Робитаҳои зичи толибон бо террористони байналмилалӣ на танҳо ба давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, балки ба тамоми ҷаҳон таҳдид менамоянд», — хулоса намуд Назарӣ.
____________________________
*Ташкилоте, ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мамнӯъ аст
АКС аз манбаъҳои боз








Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид






