Олимони тоҷик нақши Президенти Тоҷикистонро дар комёбиҳои сулҳу ваҳдати миллӣ нотакрор арзёбӣ намуданд

Ноябрь 16, 2021 13:07

ДУШАНБЕ, 16.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон /АМИТ/ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҷаласаро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалан, дар барҳам додани хатари азбайнравии давлати тоҷикон ва парокандашавии миллат, сониян, дар комёбиҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, солисан, дар таъмини рушди ҳамаҷонибаи давлат ва робиан, ҷиҳати рушди тафаккур ва ҷаҳонбинии муосир бо дарназардошти татбиқшавии қонунҳои нави судманд, мисли Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», роҳандозӣ гардидани ҳадафи чаҳорум — саноатикунонии мамлакат бо дарназардошти анҷом додани сохтмони «НБО Роғун» нотакрор арзёбӣ мешавад.

«Бисёр таҷрибаҳои дар амал роҳандозӣ ёфтаи Эмомалӣ Раҳмон алҳол дар бисёр кишварҳои хориҷӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифта, ҷиҳати татбиқи он дар он давлатҳо андешаҳо иброз мегарданд», — илова намуд Ф. Раҳимӣ.

Дар маҷлис инчунин дигар олимони тоҷик доир ба паҳлуҳои мухталифи фаъолияти Президенти мамлакат ибрози андеша намуданд.

Дар доираи таҷлил аз Рӯзи Президент бо ибтикори КИИ «Хирадмандон»-и ҲХДТ дар АМИТ ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аксияи оммавӣ таҳти унвони «Ӯ бо халқ аст ва халқ бо ӯст» роҳандозӣ шуд.

АКСҲО: АМИТ

Ноябрь 16, 2021 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид