Паҳлавонони тоҷик дар «Abu Dhabi Grand Slam» сазовори се медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Abu Dhabi Grand Slam» сазовори се медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусобиқа 26-28 ноябр дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб бо иштироки 223 варзишгар (135 мард, 88 зан) аз 41 давлати дунё доир гашт. Аз ҷумҳурии мо 10 нафар ба Абузабӣ сафарбар гардиданд.
Дар вазни -90кг Комроншоҳ Устопириён медали нуқра, Ҷаҳонгир Маҷидов медали биринҷӣ ба даст оварданд. Медали дигари биринҷиро Темур Раҳимов дар вазни +100кг сазовор шуд.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд. Барои ҷои аввал 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ҷои сеюм 1500 доллари ИМА тақдим гардид.
Зикр кардан ба маврид аст, ки аввали моҳ (5-7 ноябр) паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар Гранд Слами Боку сазовори медали нуқра гардида буд.
АКСҲО: КМО Тоҷикистон









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






