Сафорати ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон 18 мошини сабукрави Ҷип J8 тақдим намуд

Ноябрь 26, 2021 17:03

ДУШАНБЕ, 26.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Сафорати ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон  барои мусоидат ба амнияти сарҳадии  кишвар 18 мошини сабукрави Ҷип J8 таҳқдим намуд. Арзиши умумии мошинҳои сабукрав 1,3 миллион доллари ИМАро ташкил медиҳад. Ин мошинҳо ба қӯшунҳои сарҳадӣ имкон медиҳанд, ки дар шароити вазнини  иқлими  минтақаҳои сарҳадӣ амалиёт гузаронанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» имрӯз аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон  хабар доданд.  

Дар маросими супоридани мошинҳои сабукрав фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм иштирок намуданд.

Тавре дар сомонаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ дода шудааст, Сафир Поммершайм зимни суханронӣ дар ин маросим зикр намуд: «Кумаки башардӯстонаи мазкур яке аз мисолҳои дастгирист, ки мо ба Тоҷикистон барои таъмини амнияти марзҳо мерасонем. Мо аз Тоҷикистон барои ҳамкории зич дар соҳаи амнияти сарҳадҳо миннатдорем ва аз дастовардҳои муштараки худ ифтихор мекунем. Мо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии силоҳи ҳастаӣ шарик ҳастем. Ба хотири исбот намудани ҳамкории худ мо нақша дорем, дар соли оянда ба бахши амнияти Тоҷикистон ҳудуди 60 миллион доллар сармоягузорӣ кунем».

Дар хабари  идораи дипломатии ИМА  ҳамчунин гуфта мешавад, ки аз соли 1992 инҷониб Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба бахши амнияти Тоҷикистон беш аз 330 миллион доллар кумак кардаанд. Ин кӯмак омӯзиш, таҷҳизот ва инфрасохторро дарбар мегирад. Дар чаҳорчӯби кумак ба артиши Тоҷикистон 378 адад мошини сабукрав бо арзиши умумии 11,9 миллион доллар ластрас гардиданд. Мо инчунин зиёда аз 10 000 нафар сарбозону афсарон, намояндагони сохторҳои қудратиро дар самти тактикаи самараноки мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир омӯзонидем. Дар чаҳорчӯби кумакҳои мазкур 13 посгоҳи сарҳадӣ, 9 гузаргоҳ, ду отряди сарҳадӣ ва се маркази омӯзишии сарҳадбонон сохта ё барқарор карда шуданд. Танхо соли гузашта кумаки харбию техникии ИМА зиёда аз 10,7 миллион долларро ташкил дод ва ин амал Иёлоти Муттахидаи Америкаро ба донори асосӣ дар ин соҳа табдил дод. Илова бар ин, як моҳ пеш 20 мошини сабукрав ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таҳқдим гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки шарикии Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон  30 сол боз идома дорад ва  тӯли  ин солҳо барои дастгирии барномаҳои амниятӣ, рушд ва кӯмаки низомӣ, рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маорифи Тоҷикистон 1,8 миллиард доллар ҷудо карда шудааст.

АКС: Сафорати ИМА дар Тоҷикистон

Ноябрь 26, 2021 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид