Сафорати ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон 18 мошини сабукрави Ҷип J8 тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Сафорати ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон барои мусоидат ба амнияти сарҳадии кишвар 18 мошини сабукрави Ҷип J8 таҳқдим намуд. Арзиши умумии мошинҳои сабукрав 1,3 миллион доллари ИМАро ташкил медиҳад. Ин мошинҳо ба қӯшунҳои сарҳадӣ имкон медиҳанд, ки дар шароити вазнини иқлими минтақаҳои сарҳадӣ амалиёт гузаронанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» имрӯз аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар маросими супоридани мошинҳои сабукрав фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм иштирок намуданд.
Тавре дар сомонаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ дода шудааст, Сафир Поммершайм зимни суханронӣ дар ин маросим зикр намуд: «Кумаки башардӯстонаи мазкур яке аз мисолҳои дастгирист, ки мо ба Тоҷикистон барои таъмини амнияти марзҳо мерасонем. Мо аз Тоҷикистон барои ҳамкории зич дар соҳаи амнияти сарҳадҳо миннатдорем ва аз дастовардҳои муштараки худ ифтихор мекунем. Мо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии силоҳи ҳастаӣ шарик ҳастем. Ба хотири исбот намудани ҳамкории худ мо нақша дорем, дар соли оянда ба бахши амнияти Тоҷикистон ҳудуди 60 миллион доллар сармоягузорӣ кунем».
Дар хабари идораи дипломатии ИМА ҳамчунин гуфта мешавад, ки аз соли 1992 инҷониб Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба бахши амнияти Тоҷикистон беш аз 330 миллион доллар кумак кардаанд. Ин кӯмак омӯзиш, таҷҳизот ва инфрасохторро дарбар мегирад. Дар чаҳорчӯби кумак ба артиши Тоҷикистон 378 адад мошини сабукрав бо арзиши умумии 11,9 миллион доллар ластрас гардиданд. Мо инчунин зиёда аз 10 000 нафар сарбозону афсарон, намояндагони сохторҳои қудратиро дар самти тактикаи самараноки мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир омӯзонидем. Дар чаҳорчӯби кумакҳои мазкур 13 посгоҳи сарҳадӣ, 9 гузаргоҳ, ду отряди сарҳадӣ ва се маркази омӯзишии сарҳадбонон сохта ё барқарор карда шуданд. Танхо соли гузашта кумаки харбию техникии ИМА зиёда аз 10,7 миллион долларро ташкил дод ва ин амал Иёлоти Муттахидаи Америкаро ба донори асосӣ дар ин соҳа табдил дод. Илова бар ин, як моҳ пеш 20 мошини сабукрав ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таҳқдим гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки шарикии Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон 30 сол боз идома дорад ва тӯли ин солҳо барои дастгирии барномаҳои амниятӣ, рушд ва кӯмаки низомӣ, рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маорифи Тоҷикистон 1,8 миллиард доллар ҷудо карда шудааст.
АКС: Сафорати ИМА дар Тоҷикистон








Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад
Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст






