Таҷлили Рӯзи Президент нишона аз қадрдонии Пешвои миллат аз ҷониби мардум мебошад,-бардошт аз ҷаласаи тантанавӣ дар Саридораи геологияи мамлакат

Ноябрь 16, 2021 13:22

ДУШАНБЕ, 16.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳо дар рушди соҳаи геологияи мамлакат хеле бузург аст. Зеро бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат кормандони соҳаи геология конҳои зиёди  канданиҳои фоиданокро кашф намуданд. Ин конҳои маъдан заминаи мустаҳками рушди саноат маҳсуб ёфта,  барои амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аҳамияти калон доранд. Ин матлабро Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни ҷаласаи тантанавӣ, ки имрӯз ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  ин ниҳод доир гардид, иброз дошт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласаи тантанавӣ кормандони дастгоҳи марказии Саридора, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Комиссияи давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, КВ Экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории геологӣ, Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Ташхисгоҳи геологӣ», Муассисаи давлатии «Рӯзномаи Ганҷ» ва иҷрокунандаи вазифаи муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фурқат Муродзода иштирок намуданд.

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз дошт, ки соли равон таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Рӯзи Президент ва Истиқлолияти давлатӣ ба ҳам тавъам мебошанд. Зеро саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи истиқлолу ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди устувори Тоҷикистон беназиранд.

Имрӯзҳо дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин давлатест, ки дар он рӯзи Президент ҷашни  умумимиллӣ  эълон шудааст ва шурӯъ аз соли 1885    ҳамасола рӯзи душанбеи ҳафтаи сеюми моҳи феврал ҷашн гирифта мешавад. Таъсиси он ба номи аввалин Президенти Амрико Ҷорҷ Вашингтон мансубият дорад.

Ҳамчунин  Рӯзи Президент дар Исландия 14 май,   дар Қазоқистон  бо унвони  Рӯзи аввалин Президент 1 декабр, дар Британияи Кабир чун рӯзи Сарвари давлат ва дар чанд мамлакати дигар низ ин рӯз таҷлил мегардад. Ҷашн гирифтани Рӯзи Президент нишонае аз қадрдонии мардум нисбат ба Президенти кишвараш мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин рӯзро мардум бо  шодию сурур ва  ифтихормандиҳо   истиқбол мегиранд. Бо самимияту  эҳтироми хосса ва арҷгузориҳо ба Рӯзи  Президент  дар бораи қадршиносии заҳматҳо, меҳнату талош ва ҷонбозиҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун вориси тоҷикони ҷаҳон   ибрози назар мекунанд.

Мо – кормандони мақомоти геология  низ Рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром ҳамчун рӯзи адолату демократикунонии ҷомеа истиқбол намуда, тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои неки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонем.

Арҷ гузоштан ба таърих ва хизматҳои шоистаи фарзандони фарзонаи миллат василаи ифтихори миллӣ буда, насли ҷавонро ба шинохти арзишҳои муҳими давлатдорӣ роҳнамоӣ мекунад.

Ҳамзамон дар ҷаласаи тантанавӣ муовини якуми Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исомуддин Холзода ва намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фурқат Муродзода вобаста ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

АКСҲО: Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ

Ноябрь 16, 2021 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Масъалаи дастгирии соҳибкории хурду миёна дар бахшҳои истеҳсолӣ дар маҳалҳо баррасӣ карда шуд
Бонувони Академияи миллии илмҳо бахшида ба Рӯзи Парчами Тоҷикистон иқдоми тарғиботӣ гузарониданд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 19 ҳазор ҳунармандон фаъолият менамоянд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт табақаи ниёзманд дастгирӣ меёбад
Анҷумани ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад
Меъёрҳои муқарраргардидаи ҳарорати гармӣ дар баъзе биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе риоя намегардад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади густариши ҳамкории илмӣ мулоқот доир шуд
Бо тоҷиконе, ки дар шаҳри Сочи фаъолият менамоянд, вохӯрӣ доир шуд
Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Единая Россия» санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид