Таэквондочиёни тоҷик дар мусобиқаи Намангон соҳиби 26 медал гардиданд

Ноябрь 1, 2021 14:18

ДУШАНБЕ, 01.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27-31 октябр дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи 2-юми кушоди вилояти Намангон оид ба таэквондо (WT) доир шуд, ки дар он таэквондочиёни тоҷик 26 медал ба даст оварданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа дар баробари варзишгарони кишвари мизбон намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат карданд.

Мусобиқа миёни кӯдакони соли таваллудашон 2013-2014, 2008-2010, наврасони соли таваллудашон 2005-2007 ва калонсолон сурат гирифт. Шумораи иштирокчиён 2300 нафарро ташкил дод.

Ба иттилои Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон, аз ҷумҳурии мо 61 нафар – 46 писар, 15 духтар ба Намангон сафарбар гардида,  26 медал ба даст оварданд.

Тавре хабар дода будем, варзишгарони мо дар рӯзи аввали ин мусобиқа миёни калонсолон сазовори 9 медал — 3 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ – гардиданд.

Медалҳои тиллоро Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни -80кг, Муниса Ойматова дар вазни -49кг, Рӯзигул Саидова дар вазни +73кг ба даст оварданд.

Муҳаммадҷон Суннатов дар вазни 63кг, Муҳаммадҳусейн Шомаҳмадов дар вазни 74кг, Мунира Абдусаломова дар вазни +73кг сазовори медалҳои нуқра ва Абумуталиб Мирзоев дар вазни 54кг, Нуралишо Солиҳов дар вазни 63кг ва Руқия Алиаҳмадова дар вазни 53кг сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.

Сипас таэквондочиёни мо миёни наврасону кӯдакон боз 17 медали дигар – 2 тилло, 5 нуқра, 10 биринҷӣ гирифтанд.

Азимҷон Абдуллоев, Исмоил Исроилзода бо медали тилло, Анвар Аҳмадзода, Ёқубҷон Маҳмадёров, Қобилҷон Маҳмадёров, Руҳангез Аҳмадова, Самад Амиршоев бо медали нуқра, Осиямоҳ Солиҳова, Меҳрнигор Шарипова, Нурина Алиназарова, Билол Зокиров, Собит Негматов, Абубакр Каримов, Муҳаммад Шарипов, София Негматова, Ясмина Тоирова, Сиёвуш Нозимов бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ҳамчунин намояндагони Тоҷикистон Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов беҳтарин варзишгари мусобиқа ва Далер Фозилов беҳтарин мураббӣ дониста шуданд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Ноябрь 1, 2021 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд