Вазири корҳои дохилӣ бо муовини Котиби генералии СААД мулоқот намуд

Ноябрь 22, 2021 08:36

ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо муовини Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Валерий Семериков вохӯрӣ  намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба машқҳои махсуси тактикӣ зери унвони «Кобалт-2021», ки дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод»-и ноҳияи Хуросон баргузор шуданд, ибрози назар намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Котиби генералии СААД ҷиҳати тақвияти робитаву ҳамкорӣ дар самтҳои зикршуда изҳорӣ боварӣ намуданд.

АКС: ВКД ҶТ

Ноябрь 22, 2021 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид