Душанбе ва Варшава ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратиро баррасӣ карданд

Ноябрь 26, 2021 15:43

ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Форуми фосилавии соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон 25 ноябр бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон (бо қароргоҳ дар Берлин) дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдои Ҷумҳурии Лаҳистон доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховра» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Лаҳистон Соҳибназар Ғайратшо ҳузури ширкатҳои лаҳистониро дар раванди расидан ба чорумин ҳадафи стратегии кишвар ва диферсификатсияи тиҷорати Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, ҳарчи зудтар шомил шудани кишварамон ба Низоми аврупоии афзалияти гумрукиро заминаи муҳими афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо арзёбӣ кард.

Соҳибназар Ғайратшо аз доираҳои иқтисодии Лаҳистон даъват намуд, ки аз шароити мусоиди мавҷуда истифода бурда, ба маҳзи рушди Иқтисоди сабз ва ҳифзи муҳити зист дар лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва дигар cарчашмаҳои энергияи таҷдидшаванда сармоягузорӣ кунанд.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси Палатаи савдо ва саноат Манзура Рустамова, намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои ватанӣ сухан гуфта, иштирокчиёнро бо зарфияти иқтисодӣ ва фазои мусоиди сармоягузории кишвар шинос намуданд.

Дар кори форум намояндагони зиёда аз 50 ширкати лаҳистонӣ сухан намуданд. Доираҳои иқтисодии ҳарду кишвар ҷиҳати баргузории форуми ҳузурии соҳибкорон дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон дар соли 2022 изҳори омодагӣ намуданд.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Ноябрь 26, 2021 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»