Имрӯз дар пойтахт Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид

Декабрь 24, 2021 16:54

ДУШАНБЕ, 24.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид.

Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 8 масъала, аз ҷумла, дар бораи гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №8 ва №58, дар бораи ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2021», оид ба лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2022 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2020, дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанги шаҳри Душанбе, дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаҳои 1,2,9 ва 12 қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020, №7 ва №9 дар бораи танзими парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар баъзе минтақаҳои шаҳри Душанбе ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид карда шуд.

Нахуст вакилони халқ гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №8 ва №58-ро шунида, бо овоздиҳии якдилона ваколати вакилони навинтихобро тасдиқ намуда, вакилони навинтихоб савганди вакилӣ ёд карданд.

Сипас, ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2021» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз рӯи он ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шунида шуда, бо вазифагузориҳо вакилон қарори дахлдор қабул карданд.

Дар идомаи кори иҷлосия масъалаи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2022 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2020 баррасӣ гардида, вобаста ба он Сардори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ва Раиси комиссияи доимӣ оид ба молия ва идораи моликиятӣ ҳисобот доданд.

Раиси шаҳри Душанбе ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати самаранок истифода намудани буҷети шаҳри Душанбе тадбирҳои саривақтӣ андешида, бобати иҷрои нақшаи даромади он тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.

Дар идома, вакилон ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанги шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба он ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Дар ин раванд Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, такмил додан, навсозӣ ва ба талаботи муосири шаҳрдорӣ мувофиқ гардонидани китобхонаҳое, ки аз ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидаанд, омода намудани мутахассисони баландтаҷриба дар ин самт, такмил додани мактаби суннатии устоду шогирд, рушди барномаҳои театрӣ ва муаррифии бештари фарҳанги миллӣ, омӯзиши имконияти рушди соҳаи фарҳанг, баланд бардоштани малакаву маҳорати кормандони соҳаи фарҳанг ва ба таҳсили иловагӣ фаро гирифтани онҳо, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, ҳифзу нигоҳдории мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ба роҳ мондани омӯзиш ҷиҳати бозёфти ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғибу ташвиқи фарҳанги шаҳрнишинӣ миёни сокинони пойтахт ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Муҳтарам Раис ҳамчунин ба Комиссияи доимӣ оид ба фарҳанг, маориф, илм ва инноватсия супориш доданд, ки ташаббускорӣ нишон дода, ҷиҳати вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ, таҳкими маърифати китобхонию китобдорӣ, муаррифии ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва мероси ғайри моддии фарҳангӣ фаъол бошанд.

Вакилон дар идомаи кори иҷлосия масъалаи танзими парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар баъзе минтақаҳои шаҳри Душанберо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд ва дар робита ба он ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба парвариши ҳайвонот дар баъзе минтақаҳои шаҳр афзуд, ки аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 7,6 ҳазор гектар замин ва 70 маҳалла ворид гардиданд, ки дар аксари хоҷагиҳои шаҳрвандон чорвои калони шохдор, чорвои хурд ва паранда, инчунин дигар ҳайвонот парвариш карда мешаванд.

Дар идома муҳтарам Раис иброз намуданд, ки танҳо бо мақсади таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ, инчунин дар ин замина муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал пешниҳод гардид, ки то мутобиқ гардонидани ҷамоатҳои воридгардида ба талаботи шаҳрдорӣ, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд ва паранда, инчунин дигар ҳайвоноте, ки барои рушди сайёҳӣ нигаронида шудаанд, муваққатан ба муҳлати ду сол иҷозат дода шавад.

Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Раиси шаҳр ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, инчунин ҷиҳати омодагӣ ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани сол, таҳким бахшидани корҳои ободу зебогардонии пойтахт, рушди иҷтисод, ташкил намудани корхонаҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳо доданд.

Дар охир Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кулли сокинони пойтахтро бо Соли нави мелодӣ табрик намуда, ба онҳо сиҳатмандию пирӯзӣ, муваффақияту бурдборӣ, саодати рӯзгору хонаободӣ ва оромию осудагӣ таманно намуда, ба Тоҷикистони азизамон пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.

Бо ҳамин иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.

АКСҲО: АМИТ “Ховар”

Декабрь 24, 2021 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд