5 ДЕКАБР-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ХОК. Дар Тоҷикистон зиёда аз 34 намуди он маъмуланд

Декабрь 5, 2021 08:14

ДУШАНБЕ, 05.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 5 декабр Рӯзи умумиҷаҳонии хок таҷлил мегардад. Дар ин робита хабарнигори АМИТ “Ховар” бо директори Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Шариф ХОҶАЕВ оид ба аҳамият ва тарғиби истифодаи устуворонаи захираҳои хок суҳбат намуд.

Номбурда изҳор дошт, ки  хок-ин ҷузъи таркибии муҳити зисти инсон, наботот ва ҳайвонот, асоси фаъолияти хоҷагидорӣ буда, ҳифзи он яке аз вазифаҳои муқаддаси ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, бо ташаббуси Шоҳигарии Тайиланд  Созмони Милали Муттаҳид таъсиси расмии рӯзи хокро ҳамчун платформаи глобалӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дастгирӣ намуд. Конфронси Ташкилоти умумиҷаҳонии озуқа моҳи июни соли 2013 пешниҳоди таҷлили Рӯзи  умумиҷаҳонии хокро якдилона тасдиқ кард ва он дар  кунгураи  68-уми Созмони Милали Муттаҳид расман қабул гардид. Моҳи декабри соли 2013 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  5 декабри соли 2014-ро  аввалин Рӯзи байналмилалии хок муқаррар намуд.

Дар хок тамоми экосистемаҳои решаҳои растанӣ мавҷуданд, ки дар атрофи онҳо  микроорганизмҳо, занбӯруғҳо, ҳашарот ва ҳайвонот зиндагӣ мекунанд. Дар қабатҳои хок 360 ҳазор намуди микроорганизмҳо ва бактерияҳо мавҷуд мебошанд. Ин системаҳои мураккаби организмҳо барои ҳифзи хок ва мавҷудияти муътадили экосистемаҳо муҳиманд.  Микроорганизмҳо ва бактерияҳои хок дар табдил додани моддаҳои органикӣ ба пайвастагиҳои барои растаниҳо дастрас иштирок мекунанд, дар нигоҳ доштани тавозуни карбон нақши муҳим мебозанд. Танҳо 19 фоизи карбони биосфера барои ташаккули биомассаи растаниҳо сарфа шуда, боқимонда 81 фоиз ба таркиби хок, ки қисми асосии гардиши он мебошад, дохил мешаванд. Хок барои растанӣ манбаи асосии моддаҳои ғизоӣ мебошад.

Ба хок доимо қувваҳои берунӣ, яъне омилҳои табиӣ ва антропогенӣ таъсир мерасонанд. Таназзули хок мушкилоти умумии тамоми инсоният аст. Нишебзаминҳои ҷумҳурӣ ба гурӯҳи заминҳои дучори таназзул (эрозияи обию шамолӣ) дохил мешаванд ва бинобар он ҳифзи хок аз таназзул бояд ҳангоми банақшагирии ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани киштгардон, боғот, роҳҳо ва ғайра ба назар гирифта шавад. Ҳангоми асосноккунии чорабиниҳо доир ба коркарди хок, истифодаи нуриҳо, мубориза бар зидди касалию ҳашароти зараррасон чорабиниҳо оид ба ҳифзи хок аз эрозия бояд ба инобат гирифта шаванд.

Бино ба суханони Шариф Хоҷаев, дар Тоҷикистон зиёда  аз 34 намуди хок  маъмул мебошанд. Олимони Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ  вобаста ба истифодаи замин ҳамеша ба деҳқонон маслиҳатҳо медиҳанд.  Ҳоло  ки давраи замина гузоштан ба ҳосили соли оянда аст, Хоҷаев тавсия медиҳад, ки кишоварзон  баъди ғунучини ҳосили ғундоштаашон бояд на камтар аз 30 – 35 сантиметр  заминро шудгор намоянд. Ҳамчунин аз истифодабарандагони замин хоҳиш карда мешавад, ки ҳеҷ гоҳ заминро оташ назананд, зеро дар қабати ҳосилхези замин зиёда аз 1000 намуд микроорганизмҳои  фоидаовар  мавҷуд мебошанд, ки дар натиҷаи оташ задан нест мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонун дар бораи ҳифзи хок», Низомномаи назоратии давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2000 «Дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳосилхезгардонии заминҳои таъйиноти кишоварзӣ ба тасвиб расида бошанд ҳам, мутаассифона, на дар ҳама ҳолат талаботи  ин аснод  риоя карда мешаванд. Қонунҳо ва санадҳои зерқонунии мазкур принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо мақсади оқилона ва самаранок истифода бурдани хок, нигоҳ доштани сифат, ҳосилхезӣ ва ҳифзи он аз падидаҳои манфӣ муайян карда, маҷмўи муносибатҳои бо ҳифзи хок алоқамандро танзим менамоянд.

Рӯзи байналмилалии хок бо мақсади нишон додани аҳамияти бунёдии хок барои ҳаёт дар рӯи Замин, баланд бардоштани маърифатнокӣ дар бораи мувозинати мураккаби тамоми унсурҳо ва равандҳои он, ки дар хок ба амал меоянд, пешбинӣ шудааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз ва муаллиф

Декабрь 5, 2021 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

АСАЛ ДАВОИ ДАРД. Имрӯз дар Душанбе «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар беш аз 2600 гектар кишти такрорӣ гузарониданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли биринҷ ҷисми инсонро фарбеҳ менамояд
МЕҲРГОН ЯКЕ АЗ ИДҲОИ БОСТОНИИ МИЛЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон оид ба аҳамияти ин ҷашн
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои гурӯҳи кишварҳои аъзои Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
Лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи сабзи КАСА – 1000 дар қисмати Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ба анҷом расидааст
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 7 фоиз зиёд гардидаст
Тоҷикистон ва Узбекистон дар самтҳои рушди ҳукумати электронӣ, таҳияи платформаҳо ва ҳамгироии рақамӣ ба мувофиқа расиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкатҳои амрикоӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат меёбад
Тоҷикистон ҷонибдори рушди ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаи захираҳои гидроэнергетикӣ аст
Сертификатсияи стандартҳои ESG барои кормандони Вазорати молия бо намояндаи Nasdaq баррасӣ гардид