АҲАМИЯТИ ОБАНБОРҲО ДАР ТАНЗИМИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Андешаи коршиноси соҳа доир ба ин мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/02/Radio.jpg)
ДУШАНБЕ, 13.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити кунунӣ, ки гармшавии иқлими сайёра боиси обшавии пиряхҳо гардида истодааст, таъсири об ба хоҷагии халқ зиёд эҳсос мегардад. Ба андешаи коршиносони соҳа, тақрибан 80%-и ҳудуди ҷумҳурӣ дар минтақаҳои дорои хатари сел ҷойгир шудааст. Тибқи маълумоти коршиносон, дар 15-20 соли охир шумораи селҳои офатовар аз сабаби бориши шиддатнок ва зиёдшавии рӯзҳо бо ҳарорати баланд дар фасли тобистон афзоиш ёфта истодааст, ки ин сабаби бақайдгирии хатарҳои зиёди гидрометеорологӣ мегардад.
Дар замони имрӯза он кишвар ё ҷомеае зарари камтар мебинад, ки усулҳои коҳиш ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро омӯхта, тадбирҳо андешад. Ба андешаи коршиносони соҳа, яке аз роҳҳои танзими захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим- ин сохтани обанборҳо ба ҳисоб меравад. Сохтмони обанборҳо дар манотиқи ҳамвор метавонад ба истифодаи мақсадноки об мусоидат намояд. Аз ҷониби дигар, истифодаи обанборҳо махсусан барои неругоҳҳои барқию обӣ хеле муҳим аст.
Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба нақши обанборҳо дар танзими захираҳои об имрӯз, соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» бо иштироки номзади илмҳои география, мудири кафедраи истифодабарии системаҳои гидроэнергетикии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Давлаталӣ Бобиев дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.