Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории байниидоравии «Мониторинг ва арзёбӣ» доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон 10 декабр ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории байниидоравии «Мониторинг ва арзёбӣ»-ро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд, хабар доданд аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат ба АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ бо нақши Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун платформаи таҳияи сиёсати умумии рушди устувор, вазифа ва функсияҳои гурӯҳи корӣ, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад, шинос шуданд.
Зикр карда шуд, ки иштирокчиёни нахустҷаласаи гурӯҳи корӣ ҷараёни иҷрои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2016-2020 муҳокима намуданд. Суръати баланди рушди иқтисодиёт дар муқоиса бо дигар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, афзоиши умумии сатҳи зиндагонии аҳолӣ, инчунин дигаргуниҳои мусбати сохторӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт зикр карда шуд. Бо вуҷуди ин, паҳншавии COVID-19 барои ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишуда таъсири назаррас расонд аз ин рӯ, ҳангоми татбиқи БМР барои солҳои 2016-2020 натиҷаҳои пешбинишуда танҳо дар доираи 50% нишондиҳандаҳои пешбинишуда ба даст оварда шуданд ва инчунин сабақҳои омӯхташуда, тавсияҳо ва таҳлилҳо дар раванди таҳияи лоиҳаи БМР барои солҳои 2021-2025 ба инобат гирифта шудаанд.
Дафтари JICA нақшаи барномаи омӯзиширо, ки ба баланд бардоштани иқтидори хизматчиёни давлатӣ дар соҳаи таҳияи сиёсат ва лоиҳаҳо, арзёбӣ ва идоракунии давраи ҳаётии лоиҳаҳо нигаронида шудааст, муаррифӣ намуд, ки айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад. Тибқи барномаи омӯзишӣ, баланд бардоштани иқтидори ҳазор нафар хизматчиёни давлатӣ дар назар аст, ки минбаъд онҳо ба ҳайси мураббӣ оид ба масъалаҳои арзёбӣ фаъолият хоҳанд кард.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни ҷаласа низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ гашта, фарқияти асосии он аз низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ҳамчунин ҳамгироии ҲРУ дар таҳияи барномаҳои соҳавӣ муҳокима шуд.
Бо мақсади такмил додани низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои миллӣ, соҳавию маҳаллӣ ва ҲРУ котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ ташкил медиҳад, ки аз намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд иборатанд. Дар маҷмуъ 14 гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд мувофиқи самтҳои соҳавии рушди фарогири афзалияти Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва ҲРУ ташкил карда шудаанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо








Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд






