Дар Тошканд сохтмони бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамроҳ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода 8 декабр дар шаҳри Тошканд ба корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз бахшиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Маҷмааи биноҳои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон дар асоси «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оид ба мутақобилан ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон» дар маркази шаҳри Тошканд дар масоҳати 1,40 га бунёд мегардад.
Тибқи лоиҳа маҷмааи биноҳои Сафорат аз қароргоҳи Роҳбари намояндагӣ, бинои консулӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои кормандон, толори зиёфат ва маҷлисгоҳ, гузаргоҳҳои назоратӣ, таваққуфгоҳ ва майдончаи варзишӣ иборат аст.
«Ин иқдом аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, дар таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкории дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон нақши муҳим мебозад», — иброз намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.
АКСҲО: ВКХ ҶТ









РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






