Ҷамолиддин Абдуллозода бо Анна Попова вазъи санитарию эпидемиологии кишварро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 17.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор)-и Федератсияи Русия Анна Попова вохӯрӣ намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода Анна Поповаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба вазъи санитарию эпидемиологии кишвар, пешгирии бемориҳои сироятӣ, хосатан сирояти COVID-19 ва дигар бахшҳо мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкорӣ иброз намуданд.
Бояд гуфт, ки дар доираи сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор) Анна Попова аз якчанд озмоишгоҳҳои шаҳри Душанбе дидан менамояд.
АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ










Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






