Ҳашт варзишгари тоҷик дар Ҷоми 18-уми ҷаҳон оид ба бокс миёни мардону занон ширкат доранд

Декабрь 8, 2021 15:48

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7  декабр дар шаҳри Нижневартовскии Федератсияи Русия  Ҷоми 18-уми ҷаҳон оид ба бокс миёни мардону занони аз  19 то 40-сола оғоз гардид, ки то 11  декабр идома меёбад. Мусобиқаи мазкур ба хотираи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ  Фармон  Салмонов  бахшида шудааст, хабар доданд аз Федератсияи  бокси  Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».

Дастаҳои мунтахаби бокси  16 мамлакати дунё, аз ҷумла муштзанони тоҷик дар мусобиқаи мазкур ширкат мекунанд. Дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар ҳайати 8 нафар – 2 духтар ва 6 писар ба ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ сафарбар гардид. Миҷгона Самадова, Шоира Зулқайнарова, Акбаралӣ Абдураҳмонзода, Абдураҳмон Ёқубов,  Шамшер Саидов, Наврӯз Ҷафоев ва  Сулаймон Нодиров дар ин мусобиқа Ҷумҳурии  Тоҷикистонро намояндагӣ менамоянд.

Дар рӯзи якуми мусобиқот 4 тан варзишгарони тоҷик ҳунарнамоӣ карданд. Дар рӯзи якум варзишгари тоҷик Шамшер Саидов дар вазни 67 кг ҳунарнамоӣ намуд. Рақиби Шамшер варзишгари рус Алис Шарифов буд. Варзишгари  20-солаи тоҷик тавонист ин ҳарифи худро  шикаст дода, ба даври навбатӣ барояд.

Муштзани дигари тоҷик Наврӯз Ҷафоев дар вазни 86 кило бо  варзишгари озарӣ Элдор Кулиев рақобат намуд. Наврӯз Ҷафоев дар ин набард дучори бохт шуд. Муштзани дигари тоҷик Акбаралӣ Абдураҳмонзода дар вазни  -51кг аз рақиби русаш мағлуб шуд.

Дар рақобатҳо миёни бонувон Миҷгона Самадова дар вазни  57 кг  маҳорати баланд нишон дода, дар даври аввал бо  намояндаи Муғулистон Мичидма Эрденедалай қувва санҷид. Аз аввали рақобат бартарӣ дар дасти Миҷгона буд. Ӯ тамоми се раунд  сӯи ҳариф зарбаҳои пайдарпай равон мекард, ки ҳамаи онҳо мустақим буданд. Ин буд, ки доварон бо қарори якдилона пирӯзиро ба Миҷгона Самадова доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи Ҷоми ҷаҳон оид ба  намуди бокс ҳамчунин Шоира Зулқайнарова, Абдураҳмон Ёқубов  ва  Сулаймон Нодиров аз Тоҷикистон намояндагӣ менамоянд.

                                                                                   АКС  аз манбаъҳои боз

Декабрь 8, 2021 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид