Ба зиёда аз 60 нафар беморони Шифохонаи шаҳрии кўдаконаи бемории сил туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 24.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи соли нави мелодӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба зиёда аз 60 нафар беморони Муассисаи давлатии Беморхонаи шаҳрии кўдаконаи бемории сил туҳфаҳои солинавӣ тақдим ва барномаи фарҳангӣ доир карда шуд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Наргис Шарифзода.
Дар ин рўз намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба беморони ин муассиса ва модарони онҳо туҳфаҳои идонаи худро супориданд. Ҳузури Бобои Барфӣ ва ташкили ҳар гуна бозиҳои шавқовар ин базмро шукӯҳи тоза бахшид.
Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгирии ниёзмандон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар арафаи тамоми иду ҷашнҳо ба маъюбон, шахсони бекасу танҳо ва кӯдакони бемор туҳфаҳо тақдим гардида, дигар кумакҳои моддию низ расонида мешавад.









ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд






