Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷанбаҳои методологии ташаккул ва баамалбарории сиёсати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити номувозинатии иқтисодиёти кишвар»-таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз донишгоҳи мазкур.
Муовини ректор оид ба илми донишгоҳ Баҳром Сафаров рӯзмарра ва муҳим будани мавзӯи баррасишавандаро таъкид намуда, зикр кард, ки барои шаффофият ва бартараф намудани номувозинатии иқтисодиёт ҷалби воситаҳои молиявии беруна зарур аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат дар ин замина чораҳои зиддибуҳронӣ қабул менамояд.
Сармутахассиси Раёсати ҷамъбастии банақшагирии буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Ахмедов дар мавзӯи «Истифодаи фишангҳои асосии молиявии раванди идоракунии зиддибуҳронӣ дар шароити номувозинатии макроиқтисодӣ ва танзими муносибатҳои байнибуҷетӣ» маърӯза намуда, гуфт, ки идоракунии зиддибуҳронӣ бояд ба ислоҳоти пайдарпаю мунтазам мусоидат намояд. Ҳамзамон сиёсати фискалии мамлакат дуруст татбиқ гардад, ки аз инҳо иборат аст, ба монанди тадбирҳои ҳукуматӣ оид ба тағйир додани хароҷоти давлатӣ, андозбандӣ ва ҳолати буҷети давлатӣ, ки барои таъмини шуғли пурра, тавозуни пардохт ва рушди иқтисодӣ нигаронида шудаанд.
Мавсуф инчунин иброз дошт, ки воситаҳои сиёсати буҷетии давлат механизмҳои иқтисодие мебошанд, ки бо ёрии онҳо ҳадафҳои сиёсати буҷетӣ амалӣ мегарданд.
Намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Салимзода ва Миршоҳид Ҳомидов мавзӯи баррасишавандаро аз ҷиҳати амалӣ шарҳ дода, зикр намуданд, ки фишанги сиёсати молиявии давлатӣ, ба монанди андоз ва хароҷоти давлатӣ бо ҳам алоқамандии зич доранд. Маблағҳои дар шакли андоз гирифташуда аввал ба буҷети давлатӣ ворид шуда, сипас барои мақсадҳои гуногуни давлат сарф мешаванд. Таъсири воситаҳои сиёсати фискалӣ ба талаботи умумӣ гуногун аст, яъне тағйирёбии онҳо ба талабот ва андозҳо таъсири гуногун дорад.
Инчунин дар мавзӯи «Мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ ва имконияти ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот» зикр шуд, ки устувории молиявӣ аз устувории буҷети маҳаллӣ вобаста аст ва барои фаъолияти пурсамари ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз буҷети давлатӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Соли 2021 бо ин мақсад ба шаҳраку деҳот 310 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, ки он бо назардошти шумораи аҳолии маҳал равона мегардад. Айни замон 4073 воҳиди корӣ барои кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷудо гардида, 428 шаҳраку деҳот ба низоми идоракунии молияи давлатӣ пайваст гардидаанд, ки барои шаффофият ва самаранокии амалиёт мусоидат менамояд.
АКСҲО: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






