Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

Декабрь 6, 2021 16:45

ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷанбаҳои методологии ташаккул ва баамалбарории сиёсати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити номувозинатии иқтисодиёти кишвар»-таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз донишгоҳи мазкур.

Муовини ректор оид ба илми донишгоҳ Баҳром Сафаров рӯзмарра ва муҳим будани мавзӯи баррасишавандаро таъкид намуда, зикр кард, ки барои шаффофият ва бартараф намудани номувозинатии иқтисодиёт ҷалби воситаҳои молиявии беруна зарур аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат дар ин замина чораҳои зиддибуҳронӣ қабул менамояд.

Сармутахассиси Раёсати ҷамъбастии банақшагирии буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон  Ахмедов дар мавзӯи «Истифодаи фишангҳои асосии молиявии раванди идоракунии зиддибуҳронӣ дар шароити номувозинатии макроиқтисодӣ ва танзими муносибатҳои байнибуҷетӣ» маърӯза намуда, гуфт, ки идоракунии зиддибуҳронӣ бояд ба ислоҳоти пайдарпаю мунтазам мусоидат намояд. Ҳамзамон сиёсати фискалии мамлакат дуруст татбиқ гардад, ки аз инҳо иборат аст, ба монанди тадбирҳои ҳукуматӣ оид ба тағйир додани хароҷоти давлатӣ, андозбандӣ ва ҳолати буҷети давлатӣ, ки барои таъмини шуғли пурра, тавозуни пардохт ва рушди иқтисодӣ нигаронида шудаанд.

Мавсуф инчунин иброз дошт, ки воситаҳои сиёсати буҷетии давлат механизмҳои иқтисодие мебошанд, ки бо ёрии онҳо ҳадафҳои сиёсати буҷетӣ амалӣ мегарданд.

Намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Салимзода ва Миршоҳид Ҳомидов мавзӯи баррасишавандаро аз ҷиҳати амалӣ шарҳ дода, зикр намуданд, ки фишанги сиёсати молиявии давлатӣ, ба монанди андоз ва хароҷоти давлатӣ бо ҳам алоқамандии зич доранд. Маблағҳои дар шакли андоз гирифташуда аввал ба буҷети давлатӣ ворид шуда, сипас барои мақсадҳои гуногуни давлат сарф мешаванд. Таъсири воситаҳои сиёсати фискалӣ ба талаботи умумӣ гуногун аст, яъне тағйирёбии онҳо ба талабот ва андозҳо таъсири гуногун дорад.

Инчунин дар мавзӯи «Мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ ва имконияти ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот» зикр шуд, ки устувории молиявӣ аз устувории буҷети маҳаллӣ вобаста аст ва барои фаъолияти пурсамари ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз буҷети давлатӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Соли 2021 бо ин мақсад ба шаҳраку деҳот 310 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, ки он бо назардошти шумораи аҳолии маҳал равона мегардад. Айни замон 4073 воҳиди корӣ барои кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷудо гардида, 428 шаҳраку деҳот ба низоми идоракунии молияи давлатӣ пайваст гардидаанд, ки барои шаффофият ва самаранокии амалиёт мусоидат менамояд.

АКСҲО: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Декабрь 6, 2021 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид