Барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» масъалаи таъсиси Маркази ҷумҳуриявии микробиология ва вирусшиносӣ ва рушди ин соҳаро шарҳ медиҳад
ДУШАНБЕ, 16.12.2021 /АМИТ «Ховар/. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир сироятёбӣ бо барангезандагони ҳар гуна бемориҳо ба яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки масъалаи таъсиси Маркази ҷумҳуриявии микробиология ва вирусшиносиро мавриди омӯзиш қарор дода, пешниҳодҳои худро оид ба ҳалли ин масъала ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд.
Ин нуктаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 январи соли 2021 зимни пешниҳоди Паём ба Парлумони мамлакат зикр намуданд. Мо ҳоло дар остонаи ироаи Паёми навбатӣ қарор дорем ва бояд донист, ки супориши болозикр то куҷо амалӣ гардид?
Перомуни ин ва дигар масъалаҳои марбут б, рушди соҳаи вирусология дар мамлакат дар барномаи навбатии «Дармон» бо сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров суҳбат намудем.
Шумо метавонед шакли пурраи ин барномаро имрӯз, соати 09:30 (асл), инчунин такроран соатҳои 17:30 ва 21:30 дар пешниҳоди муҳаррир ва масъули барнома Нарзулло Ализода аз Радиои «Ховар» дар мавҷи 101,5 FM бишнавед.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






