Боздошти сокини Хуҷанд, ки гӯё ба нобудсозии сагҳои кӯчагӣ машғул будааст
ДУШАНБЕ, 10.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд шахси номаълумеро, ки гӯё бо се адад сагҳои зоти немисии «Овчарка» дар кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ба ҷароҳатрасонӣ ва нобудсозии сагҳои кӯчагӣ машғул аст, муайян намуд, хабар доданд аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд дар натиҷаи санҷиши навори шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар он шахси номаълуми дорандаи се саги зоти немисии «Овчарка» гӯё дар кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ба ҷароҳатрасонӣ ва нобудсозии сагҳои кӯчагӣ машғул аст, муайян намуд, ки ин рафтори нороҳаткунанда аз ҷониби шаҳрванд Темуров Ато Ҷӯраевичи 46-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Давронбек Аҳмадбекови шаҳри Хуҷанд анҷом дода шудааст.
Бояд зикр намуд, ки паҳн гаштани навори мазкур дар шабакаҳои интернетӣ ва шарҳу эроди истифодабаранадагони сомонаҳои иҷтимоӣ милитсияи шаҳри Хуҷандро водор намуд, ки шахсияти иштирокчии ҳодисаро ҷиҳати пешгирии чунин амалҳои номатлуб муайян намояд.
Мавриди зикр аст, ки шаҳрванд Ато Темуров гирифтори бемории рӯҳӣ буда, аз соли 1995 то инҷониб дар қайди Маркази бемориҳои рӯҳӣ-равонии вилояти Суғд қарор дорад. Номбурда қобилияти ромкунии сагҳоро дошта, ҷиҳати омӯзонидан ва тарбияи сагҳои хонагӣ ба шаҳрвандон хизмат мерасонад. Се адад саги зоти немисии «Овчарка»-и дар навор инъикосёфта низ ба дигар шахсон тааллуқ дошта, танҳо ба хотири тарбияву ромкунӣ дар ихтиёри ӯ гузошта шудаанд.
«Ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки ҳолати гӯё ҳамарӯза машғул шудан ба нобудсозии сагҳои кӯчагӣ аз ҷониби Ато Темуров дар шаҳри Хуҷанд воқеъият надошта, танҳо амали якдафъаина буд, ки бо мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ошкор ва пешгирӣ карда шуд»,-зикр намуд манбаъ.
Айни ҳол шаҳрванд Темуров Ато Ҷӯраевич боздошт ва барои табобат ба Маркази бемориҳои рӯҳӣ-равонии вилояти Суғд дастрас карда шудааст.
АКС: ВКД ҶТ








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






