ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ ВА ХОСТАҲОИ ҲУМОЙӢ. Суҳбати хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Декабрь 24, 2021 15:59

ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ дода будем, аз 2 то 13 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври  ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он 510 нафар довталаб аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд. Довталабон аз рӯи 5 номина — адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва назму наср сабқат нмуданд.

Родмеҳр Сулаймонӣ, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 41-и ноҳияи Мастчоҳ  дар  номинаи  назм соҳиби мақоми аввал гардид. Ӯ соли 1998 таваллуд шуда, риштаи забон ва адабиёти тоҷикро дар  Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд  хатм кардааст ва аллакай  муаллифи  китобҳои «Суқути сукут» ва «Чароғи дасти Худо» мебошад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар арафаи Соли нави милодӣ бо Родмеҳр Сулаймонӣ ҳамсуҳбат шуд.

— Иштирок дар озмун бароятон чӣ гуна буд?

— Рӯзҳои озмун чунин буд, ки гӯё чароғи илму ирфон ва нури маърифат ҳама ҷоро ва ҳама қалбҳоро гарму муҷалло сохта буд ва беихтиёр ин сатрҳои Ҳофизи беқиёсро ба хотир меовард:

Шукри Худо, ки ҳарчи талаб кардам аз Худо,

Бар мунтаҳои ҳиммати худ комрон шудам.

— Ва боз…

— Ва боз як Мастчоҳ дуруд,  як Хуҷанд илтифот,  як Душанбе муҳаббат, як Тоҷикистон ишқ,  як дил сипос  ба дӯстону устодону ҳамзодону ҳамдилону ҳамнафасони хеле азизам, ки шодиамро афзун, лабхандамро шукуфо, дилу рӯҳамро ҷон бахшиданд.

Ва минатдории бепоёни хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки бо ҳидоят ва дастгириҳояшон ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  миёни қишри ҷомеа тӯли се сол аст, ки баргузор  мегардад. Аз сабабе, ки нахустиштирокам буд, озмун бароям хеле хотирмон  ва, пеш аз ҳама, шаффоф, зебо ва хостанӣ гузашт. Итминон дорам, ки ҳама вақт бо навиштаҳоям хотири ҳамагиро хуш ва барои таҳаввулоти адабиётамон саҳм гузорам.

— Шумо нав ба синни 23 даромадаед, вале аллакай муаллифи ду китоби шеър ҳастед. Ишқи шеър кай дар дилатон ҷо гирифт?

— Шеър як мӯъҷиза аст, мӯъҷизаи ҳамешагӣ ва аён, ки ҳеҷ касе наметавонад инкораш кунад. Шеър барои ман формулаи рӯҳия ҳаст. Шеър бароям фаротар аз як зиндагии люкс ба шумор меравад. Шеър вақте ба забону ба хотир меояд, ки…

Вақте ки шаби баҳори ғамдида расид,

Вақте ки шукуфаҳо ҳама пажмурданд.

Вақте ки парандаҳои деҳ гирякунон,

Белона шуданду дони ғурбат хӯрданд.

Ин як марсия аст…

— Чӣ таърихе дорад ин марсия?

Хеле ҷонсӯз аст сужаи ин навиштаро гуфтан…  Вақте ки як муҳоҷир солҳо дидори охирин фарзандашро надида ва он гулписарак 14 сол дораду боре акси падарро надидааст, чӣ расад ба худаш. Дарвоқеъ, ин марде, ки дар ғурбат реҳлат кард, як ҳамдеҳаамон аст, ки бо азияте тобуташро ба Ватан оварданд ва  он вақт ман  қиёматро ба чашми сар дидам. Вақте ки хуршед гум шуд, вақте сабзаҳо пажмурданд, вақте парандаҳо дар ҳаво мегиристанд ва лаҳзае, ки мардуми деҳ мусалмонии худро нав пай бурданд, ин марсияро навишта будам. Дар навори хотирам ҷонгудозтарин лаҳза он вақт буд, ки писараки ин мутаваффо акси падарро меҷуст ва ҷисми беҷони падарро оғӯш мекард…

Ва ишқи шеър дар саропои вуҷудам аланга зад. Вале шарораҳои кӯчаке дар дилам пештар пайдо шуда буданд. Ҳанӯз таваллуд нашуда будам, ки модарам бароям шеър мехонд. Ман он вақт шакл мегирифтам ва шеър аввалин ояти нузулшуда аз ҷониби модарам ба ҳисоб мерафт. Баъдан, ки ба дунё омадам, ба гӯшам азони шеър хонд, бо шеър парваридам, ба дунёи шеър  гуселам кард.  Модар ҳам худову ҳам  шеъру паёмбари шеърам буд.

— Агар хато накунам, китоби аввалинатон дар 20-солагиатон ба дасти хонанда расидааст… 

— Хато намекунед, бале китоби нахустин бо номи  «Суқути сукут»  соли 2018 бо сарсухани устод Маликнеъмат, ки ҳидоятгарам дар ҷодаи шеър ҳастанд, интишор ёфт.

Чаро «Cуқути сукут»?

— Номи ин китоб баргирифта аз як навиштаам аст, ки  чунин мисраъ дорад: «Сукутам дар сароҳои суқут аст».

Дуввумин маҷмӯаи шеъриам «Чароғи дасти Худо» унвон дорад, ки бо дастгирии ташкилоти вилоятии  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  ва  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамин сол ба нашр расид.

— Муборак бошад!

Муташаккирам. Номи китоби дуюм низ баргирифта аз як дубайтиам мебошад, ки байти охираш чунин аст:

… Миёни сужайи сармасти мо буд,

Чароғи рӯшани дасти Худованд.

-Чароғи осмонӣ

— Бале, «чароғи дасти Худо» — ин  киноя аз маҳтоб аст. Моҳ (маҳтоб) ва хуршед (Офтоб), шумо медонед, ки аз образҳои писандида дар адабиёти чандинҳазорсолаи мо будаанд ва ҳастанд.

— Дар як ҷо хондам, ки дар Аврупо Гётеро дар авҷи камолоти шоириаш рӯзномаҳо «хуршеди назми Мағриб» ном бурдаанд, вале шоири нуктасанҷи немис чунин посух додааст: «На, ман хуршед наям, хуршед дар Машриқ тулӯъ мекунад. Ман ҳамагӣ моҳ ҳастам, ки нурҳои равшани Хуршедро мунъакис менамояд. Хуршед Ҳофизи Шерозӣ аст!».

-Ваҳ-ваҳ, чӣ хуб ва зебо гуфтааст устод Гёте!

— Устод?..

— Бале, ҳамаи ин бузургон устодони мо ҳастанд ва хоҳанд монд, зеро навиштаҳои мо, имрӯзиён аз  таҷрибаву осору ашъори он бузургони гузашта об мехӯранд…

— Ман риштаи рӯзноманигориро хатм кардам, шумо риштаи забон ва адабиётро. Ман шеърро бисёр дӯст медорам, шумо худ бевосита шеър менависед. Бигӯед, ки аз нуқтаи назари шоирӣ ин чӣ рӯзгорест?

— Дар ин бора соатҳо метавон ҳарф зад. Агар кӯтоҳ бигӯям, рӯзгорест, ки шеър дунболам мегирад ва мехоҳад зиндагии ман дар қолаби мавзуну латифи ӯ ҷараён дошта бошад. Ростӣ, ин шеър буд, ки пойи маро аз водии саргардониву парешониву бенишонӣ берун кашид ва ба дасти устодону муршидони хуби рӯзгор супорид. Ҳамин муҳаббат ва хушбинии  устодон ва лутфу меҳрубонии дӯстону азизон сабаб шуд, ки дафтари ҳозири шеърам рӯйи дасти хонандагон ва дӯстдорони шеър аст.

— Чун аз худатон ҳарф задед, бигӯед, ки Родмеҳр барои Родмеҳр кӣ аст?

— Сахт аст посух бигӯям. Кош оне будам, ки худ мехост. Аслан Родмеҳр як ҷавони пуршӯр, ошиқ, вораста, девонаи шеър, муҳрубону меҳнатқарин аст. Мехоҳам ин ном ҳамеша бо некӯӣ вирди забони атрофиён чарх бизанад.  На аз рӯйи бузургманишӣ, балки аз рӯи  фурӯтанӣ!

— Касби омӯзгорӣ барои як ҷавони 23-сола душвор нест?

— На, бароям омӯзгорӣ ҳам чун шеъру шоирӣ ишқ аст. Албатта, муаллими деҳот будан душвор аст, зеро имконот то ҷое маҳдуданд ва  мо ба баъзе  аз онҳо даст надорем. Вале бо вуҷуди ин бо хонандагон кор кардану барояшон таълиму тарбияву огоҳӣ додан бароям ифтихор аст. Хонандагони деҳот пайваста дар раванди таълим намуна ҳастанд. Нисбат ба солҳои қабл фаъолияташон кам ба назар расад ҳам, аммо мекӯшанд, ки омӯзанд ва дар ҳар масире муваффақ шаванд.

— «Мехоҳам ба хостаҳои ҳумоиям бирасам! Ба хостаҳое, ки солҳо дар худ мепарварам!» Ин суханҳое буд, ки  шумо пеш аз омадан ба Душанбеву қабл аз  аз иштирок дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар саҳифаи фейсбукиатон  корида будед.  Ҳоло  метавонед бигӯед, ки ба хостаҳои ҳумоиятон расидед ё хайр?

— Ҳумо – ин мурғи афсонавиест, ки гӯё касе агар ба сараш  сояи ин мурғ фаро ояд, ба хостаҳояш мерасад… Вақте роҳҳоро убур мекардам, дар вуҷудам қуввае рӯ зад ва ин навиштаро чун ёддошт гузоштам. Ҳолу ҳавои ин навишта мансубияте ба озмун надошт. Рабти ин ёддошт ба муносибату ба ормонҳое буд, ки мехостам дар ҳамроҳу ҳамрӯҳу ҳамзоду дӯстонам дарёбам. Ман хеле ошнопарастам, дӯстони зиёд дорам, ки ҳамаашон дорандаи фарри ҳумоиянд. Нав аз суолатон пай бурдам, ки ба хостаҳои ҳумоиям расидаам.

— Пас бароятон ҳумоюн ва хуҷаста бод!

— Сипос! 

Зебои ЮСУФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаи боз

Декабрь 24, 2021 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд