Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд

Декабрь 4, 2021 10:19

ДУШАНБЕ, 04.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муқовимат бо коррупсия ва Рӯзи ҳуқуқи инсон 3 декабр дар факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон дар ҷаҳони муосир: консепсияҳо, воқеият ва дурнамо» баргузор гардид. Дар ин бора аз Академияи идоракунии давлатӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Дар конференсия олимон, муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ, омӯзгорон, магистрантон, докторантон, донишҷӯён ва кормандони Академияи мазкур иштирок намуданд.

Ноиби  ректор оид ба таълими Академия Даврон Сафарзода баргузории чунин конференсияҳоро қадами муҳиму устувор дар роҳи таҳкими омода намудани мутахассисони варзида дар соҳаи дипломатия ва сиёсат арзёбӣ намуд.

Дар ҷараёни конференсия таҳкими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои  хориҷӣ дар масъалаи таъмини амнияту суботи минтақа бо мақсади эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияту суботи байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар фарҷом иштирокчиёни конференсия ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, боло будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро дар кишвар тасдиқ намуданд.

Дар идома аъзои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, профессор Аслан Абашидзе (дар шакли маҷозӣ), муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Нигина Ализода, роҳбари барномаи GIZ дар Тоҷикистон Штампе Фолкер, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷамшед Муртазозода, судяи суди иҷтимоии Ҷумҳурии Федералии Олмон, Волдемар Юшко (дар шакли маҷозӣ), профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тақдиршо Шарипов, муовини директори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, профессор Азиз Диноршоҳ ва дигар олимону муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ маърӯза намуданд.

АКСҲО: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Декабрь 4, 2021 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд