Дар арафаи Наврӯз бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти «Гули сурх»-и Истаравшан ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 14.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан сохтмони бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти «Гули сурх» ҷараён дорад, ки он дар арафаи таҷлили Наврӯзи Аҷам мавриди истифода қарор дода мешавад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти раиси шаҳри Истаравшан ба АМИТ «Ховар».
Бинои муосири маъмурӣ аз таҳхона ва ду ошёнаи барҳаво, толори маҷлис ва инфрасохторҳои дигари асосию ёридиҳанда иборат буда, бо ҳамкории шарикон- сокинони 17 деҳаи ҷамоат қомат афрохта истодааст.
Дар корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти «Гули сурх» 26 нафар мутахассисони соҳаи сохтмон ва устоҳои хушсалиқа ба кори муваққатӣ фаро гирифта шуда, сохтмончиён саъю кӯшиш доранд, ки бинои маъмуриро мутобиқи талаботи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ ба истифода диҳанд.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дидан намуда, ба бинокорон ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
АКС: маркази матбуоти раиси шаҳри Истаравшан








Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид






