Дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи бориши ками фасли сармо ва таъсири он ба муҳити зист баррасӣ хоҳад шуд
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/02/Radio.jpg)
ДУШАНБЕ, 20.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тағйирёбии иқлим мушкилии глобалӣ буда, имрӯз бо пайомадҳои худ ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст. Дар маърӯзаи соли 2018-и Созмони Милали Муттаҳид ҳазорон олимон ва коршиносони ҳукуматӣ ба мувофиқа расиданд, ки маҳдуд кардани болоравии ҳарорати ҷаҳонӣ то бештар аз 1,5° C ба мо кумак мекунад, ки аз таъсири бадтарини иқлим канорагирӣ кунем ва иқлимро барои ҳаёт мувофиқ нигоҳ дорем. Бо вуҷуди ин, тибқи нақшаҳои миллии иқлим, гармшавии глобалӣ то охири аср ба 2,7° C мерасад.
Ҳарчанд партовҳое, ки боиси тағирёбии иқлим мешаванд, дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон тавлид мешаванд ва ба ҳама таъсир мерасонанд, баъзе кишварҳо нисбат ба дигар мамлакатҳо онҳоро ба миқдори зиёд истеҳсол мекунанд. Дар ҳоле, ки 100 кишвари камтарин хориҷкунандаи газҳои гулхонаӣ 3 дарсади умумии партовҳоро ташкил медиҳад, даҳ кишвари хориҷкунандаи бештари газҳои гулхонаӣ 68 дарсадро ташкил медиҳад. Имрӯз аз таъсири тағйирёбии иқлим кишварҳои зиёди сайёра, аз ҷумла, Тоҷикистон низ дар канор намонда, нишонаҳои он дар бориши ками солҳои охир дар мамлакат ифода меёбад.
Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва таъсири сардии ҳаво ба муҳити зист имрӯз, соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» бо иштироки дотсенти кафедраи экологияи ДМТ Холиса Авғонова дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.