Дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи бориши ками фасли сармо ва таъсири он ба муҳити зист баррасӣ хоҳад шуд

Декабрь 20, 2021 09:40

ДУШАНБЕ, 20.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тағйирёбии иқлим мушкилии глобалӣ буда, имрӯз бо пайомадҳои худ ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст. Дар маърӯзаи соли 2018-и  Созмони Милали Муттаҳид ҳазорон олимон ва коршиносони ҳукуматӣ ба мувофиқа расиданд, ки маҳдуд кардани болоравии ҳарорати ҷаҳонӣ то бештар аз 1,5° C ба мо кумак мекунад, ки аз таъсири бадтарини иқлим канорагирӣ кунем ва иқлимро барои ҳаёт мувофиқ нигоҳ дорем. Бо вуҷуди ин, тибқи нақшаҳои миллии иқлим, гармшавии глобалӣ то охири аср ба 2,7° C мерасад.

Ҳарчанд партовҳое, ки боиси тағирёбии иқлим мешаванд, дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон тавлид мешаванд ва ба ҳама таъсир мерасонанд, баъзе кишварҳо нисбат ба дигар мамлакатҳо онҳоро ба миқдори зиёд истеҳсол мекунанд. Дар ҳоле, ки 100 кишвари камтарин хориҷкунандаи газҳои гулхонаӣ 3 дарсади умумии партовҳоро ташкил медиҳад, даҳ кишвари хориҷкунандаи бештари газҳои гулхонаӣ 68 дарсадро ташкил медиҳад. Имрӯз аз таъсири тағйирёбии иқлим кишварҳои зиёди сайёра, аз ҷумла, Тоҷикистон низ дар канор намонда,  нишонаҳои он дар  бориши ками солҳои охир дар мамлакат ифода меёбад.

Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва таъсири сардии ҳаво ба муҳити зист имрӯз, соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» бо иштироки  дотсенти кафедраи экологияи ДМТ Холиса Авғонова  дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.

Декабрь 20, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад