Дар Душанбе бахшида ба 27-солагии ҲХДТ ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд

Декабрь 14, 2021 14:50

ДУШАНБЕ, 14.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр дар толори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, иттилоъ дод мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзода ба АМИТ “Ховар”.

Дар ҳамоиш раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳоияи Фирдавсӣ Фатҳиддин Усмонзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷурабек Муродов, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, аъзои Кумитаи иҷроия, вакилон, раисони ташкилоти ибтидоӣ, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, аъзо ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

Фатҳиддин Усмонзода гуфт, ки  10 декабри соли равон ба таъсиси ҲХДТ 27 сол пур шуд ва он барои кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб санаи таърихӣ мебошад.

“Ҳизби мазкур дар фазои сиёсии кишвар собитқадамона фаъолият дошта, чун ҳизби мардумӣ ва ормонӣ тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври арзанда муаррифӣ намояд”,-гуфт раис.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён оид ба таърихи таъсиси ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ ибрози андеша намуда, гуфт, ки  “ҲХДТ ба сифати неруи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ- гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷаи чунин сиёсати созандаи ҳизб аст, ки намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи он дида, ҷонибдорӣ мекунанд”.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷурабек Муродов зикр кард, ки ҲХДТ ҳамчун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободониву созандагии Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ҳифзу таҳкими бузургтарин дастовардҳои таърихи навини халқамон – Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ раҳнамоиву сафарбар менамоянд.

Дар идомаи ҳамоиш ба як гурӯҳ собиқадорон ва фаъолони ҲХДТ ҷиҳати саҳми босазо гузоштан дар амалигардонии сиёсати созандаю бунёдкоронаи ҲХДТ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ сарфароз гардонида шуда, ҳамчунин ба якчанд нафар омӯзгорони фаъоли Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки бори аввал узви ҲХДТ гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуданд.

Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардида, хотири иштирокдоронро болида кард.

 

АКСҲО: КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ

Декабрь 14, 2021 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад