Дар Душанбе доир ба амнияти иҷтимоӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувор конфронси илмиву амалӣ доир гардид

Декабрь 29, 2021 16:00

ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таъмини рушди устувор, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар истеҳсолот, таъмини рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа бидуни илму маориф, кадрҳои лаёқатманд, тарзи ҳаёти солим ва шароити мусоиди иҷтимоӣ ғайриимкон аст. Маҳз ба ҳамин хотир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самти ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, маориф соҳаи афзалиятнок эълон карда шудааст.

Ин нуктаро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ имрӯз зимни баргузории конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи «Амнияти иҷтимоӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувор» баён дошт. Дар ин бора зимни суҳбат ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва коршиносон ширкат варзиданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуршед Зиёӣ зикр кард, ки амнияти  иҷтимоӣ барои суботу оромии  ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум ва пешрафту рушди устувор аҳамияти  калон дорад. Президенти мамлакат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таваҷҷуҳи масъулони соҳаро баҳри рафъи камбудиҳо дар соҳаи иҷтимоӣ, хусусан таҳкими сатҳу сифати дониш ва саводу малакаи мутахассисон ҷалб намуда, иброз намуданд, ки “бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф–сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Ин дастур ва ҳидояти Сарвари давлат ҳар яки моро водор месозад, ки ба масъалаи илму маориф ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои миллӣ беш аз пеш таваҷҷуҳ ва масъулият зоҳир намоем.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки асри ХХ1 замони инқилобҳои  бузурги илмию техникӣ, иттилоот ва технологияҳои коммуникатсионӣ, омехташавии босуръати тамаддунҳо буда,  дар ин замина миёни кишварҳои ҷаҳон рақобати шадид ҳукмфармост. Аз ин рӯ, рақобатпазирии давлатҳо низ бештар аз рӯйи имконияти онҳо дар ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, ки  донишҳои навро тавлид ва  самаранок амалӣ месозанд, муқаррар мегардад.  Бинобар ин, дар ин раванд соҳаи илм ва маориф  мақоми шоистаеро соҳиб буда,  барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд ва меҳнати фикрӣ омили муҳимтарини рушди устувор ва амнияти ҳар кишвар маҳсуб мешавад.

Дар идома иштирокчиён гуфтанд, ки соҳаи  илм ва маориф дар ҷумҳурии мо низ чун дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ  зери таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба мушкилоту дигаргуниҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ гардидааст ва Тоҷикистон низ чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад аз ин равандҳо дар канор бошад.

  АКСҲО: МТС

Декабрь 29, 2021 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд