Дар Душанбе оид ба баррасии барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Декабрь 28, 2021 14:02

ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳадафҳо ва натиҷагирии онҳо” конфронси илмию амалӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, донишмандони соҳаи иқтисодиёту ҷомеашиносӣ, коршиносон ва рӯзноманигорони  расонаҳои ахбори оммаи ватанӣ  ширкат варзиданд, хабар доданд аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС) ба АМИТ “Ховар”.

Зимни ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ  иброз дошт, ки   Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021-умро барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – 30-солагии Истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон шинохта, иброз намуданд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

«Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 дарсад расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 дарсад коҳиш дода шавад»,- афзуд Х.Зиёӣ.

Хуршед Зиёӣ ҳадафи конфронсро арзёбии вазъи кунунӣ ва корбурди тавсияҳои амалӣ доир ба рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, изҳори боварӣ намуд, ки олимону мутахассисони дар ин конфронс ширкатдошта  равандҳои гуногуни рушди иқтисодиёти кишварамонро пурра таҳлилу таҳқиқ намуда, дар ҷамъбасти конфронс тавсияҳои муфид пешниҳод менамоянд.

Дар ҳамоиш мавзӯъҳо бахшида ба “Самтҳои стратегии рушди соҳаи кишоварзӣ дар доираи ҳадафҳои миёнамуҳлат”, “Натиҷаҳои инфрасохтори рушди минтақаҳои кишвар дар доираи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016–2020”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳадафҳо ва иҷрои онҳо”, “Иҷрои барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2020” ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКСҲО аз МТС

Декабрь 28, 2021 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд