Дар Федератсияи Русия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ телефони боварӣ фаъол шуд

Декабрь 3, 2021 14:54

ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират барои мусоидат дар ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон -муҳоҷирони меҳнатӣ ва  расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба онҳо  дар қаламрави Федератсияи Русия телефони бовариро роҳандозӣ намудааст. Мутахассисони соҳа тавассути рақами +7(495)9679844 вобаста ба масъалаҳои ҳифзи  ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ ва  қонунгузории Федератсияи Русия пусух гардонида, ҳамзамон муроҷиати шифоҳии шаҳрвандонро қабул менамоянд, хабар дод масъули бахши матбуоти Намояндагии мазкур  Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар».

Телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар соатҳои корӣ аз соати 09:00 то соати 18:00 ба вақти Москва фаъолият намуда, ба дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассисони соҳа дар чанд бахш посух медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки  дар Федератсияи Русия Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират фаъолият мекунад, ки он дар суроғаи шаҳри Москва, кӯчаи  2-юми  Тверская — Ямская, бинои  40\3,  қатори  1, бинои  201, 207, 214 воқеъ гардидааст.   Дар ҳолатҳои  зарурӣ шаҳрвандони мо  инчунин метавонанд барои кумак ба Намояндагӣ бо  телефонҳои зерин:  +7(926)255-09-27; +7(968) 733 00 00, сомонаи расмии  www.tajmigration.ru. почтаи электронии  prmstJ@mail.ru. муроҷиат намоянд.

Тавре Каримҷон Салимзода иброз дошт, «агар давоми буду бош ва фаъолияти корӣ дар Русия ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандони мо   аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, корфармо, миёнаравон ва дигар шахсон поймол карда шаванд ва ё  мақомоти судӣ ғайриқонунӣ қарор (оид ба хориҷ кардан аз ҳудуди ФР, ҷарима ва дигар ҳолатҳо) қабул кунад, ҳамчунин агар корфармо ё  миёнараве  аз пардохти музди маошашон саркашӣ кунад, ё ин ки  мувофиқи касбу ихтисос кори муносиб пайдо карданӣ бошанд,  барояшон  ягон мушкилот вобаста ба гирифтани патент, иҷозатномаи кор ва ё дигар ҳуҷҷатҳо пайдо шаванд, ба мақомоти мо муроҷиат намоянд. Агар  онҳо бо сабаби беморӣ ва дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт дар вазъияти мушкил монда бошанд, ба онҳо  дар бастани қарордоди меҳнатӣ, ҳалли мушкилоти корӣ ва дигар ҳолатҳо  кумаки машваратӣ расонида мешавад».

   Аксҳо аз манбаъҳои боз

Декабрь 3, 2021 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад