Дар рӯзи нахустини Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» лаҳни шевои кӯдакон ҳакамонро ба ҳайрат овард
ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардида, дар ин лаҳзаҳо бо ҷӯшу хурӯши тоза ҷараён дорад. Дар номинаи адабиёти бачагона, ки бештар кӯдакону наврасон иштирок мекунанд, лаҳни шевову шакарбори ин ғунҷаҳои умеди меҳан аъзои ҳакамон ва иштирокчиёну тамошобинонро ба ҳайрат мегузорад. Новобаста аз синну сол духтарону писарони 7-9-сола бо донишҳои андӯхтаи хеш ба суолҳои ҳакамон посухҳои мушаххас медиҳанд. Як ҷолибият ва шавқмандии ин номина дар он аст, ки хурдсолон бо лаҳни зебои кӯдакона тамошобинро ба худ ҷалбу ҷараёни озмунро рангинтар месозанд.
Саодат Абдураззоқова аз аввалинҳое буд, ки дар номинаи адабиёти бачагона дар назди доварон баромад намуд. Ӯ 8 сол дорад ва хонандаи мактаби миёна аз шаҳри Ҳисор мебошад. Аз пешниҳоди суоли аъзои ҳакамон ситоиш карда, гуфт, ки «устодон хеле меҳрубонанд, муносибаташон бо ман хуб буд, нахуст аз ҳикояҳо пурсиданд, баъдан аз «Бӯстон»-у «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, зарбулмасал, шеър, тезгӯяку чистонҳо пурсиданд. Саодат мегӯяд, ки давоми як соли охир беш аз 70 китоб ва 80 шеърро аз худ кардааст ва бо боварӣ гуфт, ки «умедворам сазовори ҷойи ифтихорӣ мегардам».
Узви ҳайати ҳакамон Абдусаттори Раҳмон аз номинаи адабиёти бачагона изҳор дошт, ки бисёр хуб аст, ки имсол дар озмун нахуст кӯдакону наврасон, баъдан донишҷӯён ва дигар шахсони касбу кори гуногунро мешунаванд.
«Мо кӯдаконро набояд интизор кунем, имконияти ҷисмонии онҳро бояд ба назар гирифт. Новобаста аз он ки иштирокчиён пурра талаботи низомномаро риоя накардаанд, вале донишҳояшон, сатҳи азхудкунӣ, суҳбати шевою равонашон моро хушҳолу умедвор мекунад. Шарт нест ҳама ғолиб оянд ё Шоҳҷоиза гиранд, муҳим ин аст, ки онҳо ба худ ғизои маънавӣ гирифтаанду аллакай захираи дониш доранд. Гумон мекунам ҳадафи озмун низ ҳамин соҳибмаърифат кардану худшинос намудани онҳост, ки имрӯз дар ин ҷода пешравиҳои муҳим ба назар мерасанд»,-гуфт Абдусаттори Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки дар номинаи адабиёти бачагона аз 2 то 5 декабр зиёда аз 70 нафар толибилмону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки соли сеюм аст озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегардад ва он аз рӯйи панҷ номина: адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон ва шоирӣ баргузор шуда, иштирокчиён ба се гурӯҳ: тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; хонандагон ва донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо); калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) тақсим мешаванд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид






