Дар шаҳри Дубай Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ доир шуд

Декабрь 28, 2021 16:43

ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ҳошияи Рӯзи миллии Тоҷикистон дар намоишгоҳи EXPO – 2020 Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар кори Форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода ва котиби генералии Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ҳумайд бин Салим сухан гуфтанд.

Инчунин дар форуми мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, роҳбарияти вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, дигар ашхоси расмӣ ва намояндагони бахши хусусии ду давлат, дар маҷмӯъ 140 нафар ширкат варзиданд.

Зимни баргузории форум имконият, соҳаҳо ва лоҳаҳои сармоягузории афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуда, аз доираҳои сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Арабӣ барои иштирок дар лоиҳаҳои муштарак даъват ба амал оварда шуд.

Зикр карда шуд, ки дар доираи Форуми мазкур миёни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат якчанд санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

АКС аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ

Декабрь 28, 2021 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»