Дар Суғд ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир шуд

Декабрь 9, 2021 11:12

ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр дар толори Прокуратураи вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид, хабар доданд аз хадамоти матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».

Ҷаласа таҳти раёсати прокурори вилоят Фурқат Хоҷазода ҷараён гирифта, дар он аъзои Шӯро, муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, прокуророни шаҳру ноҳияҳо, сардорони ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо, сардухтурон, раисони ҷамоатҳо иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои пешгирии қочоқи маҳсулоти пастсифат ва таъмини амнияти озуқаворӣ, пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба он мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба ин масоил  гузориши мудирони шуъбаҳои марбутаи Прокуратураи вилояти Суғд шунида шуд.

Баъди баррасии масъалаҳо прокурори вилоят Фурқат Хоҷазода ба масъулин ҷиҳати пешгирии қочоқи маҳсулоти пастсифат, таъмини амнияти озуқаворӣ, пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба он дастуру супоришҳо дода шуд.

АКС: хадамоти матбуоти вилояти Суғд

Декабрь 9, 2021 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид